Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор Форум баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи бонувони соҳибкор дар Тоҷикистон дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ беш аз пеш афзоиш ёфта, ба ҳолати 1 сентябри соли равон 78 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазор нафар зиёд аст. Чунин зикр шуд дар Форуми занони соҳибкор, ки имрӯз таҳти унвони «Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон» дар Душанбе доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ки Форуми «Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор, ки ҳамасола 19 ноябр таҷлил мегардад, гузаронида шуда, дар он бонувони соҳибкор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон –Суғду Хатлон, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада буданд.
Тамоми бонувони соҳибкорро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр сохт, ки «дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани мақому манзалати занон, хусусан занони соҳибкор дар ҷомеа дар меҳвари сиёсати иқтисодию иҷтимоии роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт бо мақсади дастгирии ҳарчӣ бештари занони соҳибкор санадҳои давлатӣ, барнома ва стротегияҳо оид ба таъмини ҳуқуқи имконияти баробари занон дар кишвар ба тасвиб расидаанд. Баланд бардоштани мавқеи занони соҳибкор дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидааст, ки заминаи ҳуқуқии дастгирии соҳибкории занону духтаронро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшад».
Матлубахон Сатториён зикр намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти бонувони соҳибкор шароити мусоид фароҳам оварда шуда, барои касбомӯзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ҳамасола 80 гранти президентӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зикр намуд, ки «бо мақсади мусоидати бештар ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон таъсис дода шудааст. Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занони соҳибкор дар ҷомеа Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар Душанбе» ва марказҳои хизматрасониҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва Хуҷанд таъсис дода шудаанд. Дар Тоҷикистон корхонаҳои хурду бузургро 3 ҳазору 400 нафар занон роҳбарӣ менамоянд. Инчунин ба ҳолати 1 сентябри соли равон 29 ҳазор нафар занон ё 28 фоиз соҳибкорзанон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ тибқи патент машғуланд, ки даромади солонаи онҳо на кам аз 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шумораи заноне, ки ба соҳибкории инфиродӣ тибқи шаҳодатнома машғуланд, беш аз 6,6 ҳазор нафарро ташкил дода, зиёда аз 30 ҳазор хоҷагиҳои деҳкониро дар кишвар занону бонувон роҳбарӣ менамоянд».
Дар Форуми бонувони соҳибкор ҳамзамон роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд оид ба нақши бонувони соҳибкор дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон сухан намуданд.
Форум, ки ҳадафаш ба рушди соҳибкорӣ миёни бонувони кишвар нигаронида шуда буд, дар се бахш- заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории бонувон дар Тоҷикистон, рушди иқтидори бонувон дар соҳаи кишоварзӣ, тавассути барномаҳои дастгирӣ, васеъ намудани имконият дар минтақаҳо ва васеъ намудани имконот барои бонувон бо воситаҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ идома ёфт.
Иштирокдорони Форуми занони соҳибкор дар бахшҳо доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар самти васеъ намудани имконияти иқтисодӣ, таҷрибаи беҳтарин ва пешрафтаи байналмилалӣ оид ба муайяннамоии қонунгузории соҳибкории занон ва бартарафнамоии монеаҳо, инчунин баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳое, ки аз ҷониби занҳо дар соҳаи кишоварзӣ идора мешаванд, самтҳои калидии дастрасии занон ва воситаҳои молиявию таҷрибаи инноватсионӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии корхонаҳое, ки онҳоро занон роҳбарӣ менамоянд, табодули назар намуда, пешниҳодҳои самаранок ироа намуданд.
Дар доираи Форуми занони соҳибкор инчунин намоиши молу маҳсулоте, ки бонувони соҳибкори минатқаҳои гуногуни Тоҷикистон истеҳсол намудаанд ва сатҳи хизматрасонии идораҳои молиявӣ – бонкҳо ба маъраз гузошта шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»














ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






