Дар Душанбе доир ба нақши Конститутсия дар таъмини таҳаммулпазирии динӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

Ноябрь 4, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 04.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Меъёрҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии шаҳрвандонро новобаста аз пайравӣ ба боварҳои гуногун фарогир мебошад ва маҳз ҳамин меъёрҳо боиси таъмини фазои муътадили динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон гардидаанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз зимни конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Конститутсия – кафили таъмини таҳаммулпазирии динӣ ва рушди давлатдории миллӣ» изҳор дошт.

С. Давлатзода дар конфронс перомуни нақши Конститутсия дар татбиқи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуд.

Конфронси мазкур ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар кори он роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Академияи ВКД, Маркази исломӣ, Маркази исмоилия, Епархияи православии рус, Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ иштирок намуданд.

АКСҲО:  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Ноябрь 4, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд