Дар Душанбе Форуми «Таҳияи харитаи роҳи миллии рақамикунонии соҳаи маориф дар Тоҷикистон» баргузор шуд

Ноябрь 19, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 19.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми миллии машваратӣ оид ба «Таҳияи харитаи роҳи табдили рақамикунонии низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Форуми мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм, ЮНИСЕФ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, дар он тақрибан 250 нафар, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, роҳбарони зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои маориф, ректорони донишгоҳҳо, директорони мактабҳои ҷумҳуриявию хусусӣ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки форуми имрӯза имкон медиҳад, ки ҷонибҳои манфиатдор барои иштирок дар муҳокимаи ҳадафҳои харитаи роҳ, инъикоси уҳдадориҳои худ дар робита ба ин раванд, пайвастан ба амалҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани таъсир ва миқёси табдили рақамӣ дар кишвар ҳамкорӣ намоянд.

Зимни ифтитоҳи Форуми мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири васеъ намудани имконоти маърифатии шаҳрвандон, рақамикунонии таҳсилот, тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкору навовар, инчунин барои мутобиқ намуданаи соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.

«Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсияи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 –умро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон доштанд», афзуд Вазири маориф ва илм.

Муҳаммадюсуф Имомзода зикр намуд, ки бо дарназардошти чунин муҳимият Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди рақамикунонии соҳаи таҳсил диққати хосса дода, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рақамикунонии соҳаи таҳсилот, ба вуҷуд овардани шароит барои таҳсилоти фосилавӣ дар ҳамкорӣ бо намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022 Лоиҳаи харитаи роҳи рақамикунонии соҳаи маорифро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ менамояд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зикр намуд, ки роҳандозӣ шудани тадбири мазкур барои тақвияти барномаи таҳсилоти босифат, инчунин Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2021-2030  заминаи мусоид мегузорад.

«Имрӯз зарурати рақамикунонии соҳаи маориф ва татбиқи амалии ҳокимияти бекоғаз ба миён омадааст. Ин раванд, пеш аз ҳама, барои шаффофияти фаъолият, зуд ва босифат анҷом додани нақшаҳо ва ахиран тавонбахшии неруи зеҳнии ҷавонон заминаи хуб мегузорад. Таҳлили воридшавии рукнҳои асосии ислоҳоти соҳаи маориф ва илми кишвар нишон медиҳад, ки айни замон заминаи боэътимоди меъёрию ҳуқуқии он мавҷуд буда, дар ин замина табирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд»,-афзуд Дилрабо Мансурӣ.

Дар ҷараёни ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки ҷаҳони имрӯзаро бе рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. «Аз ин лиҳоз, бояд тамоми вазорату идораҳо барои рақамикунонии соҳаҳои худ тадбирҳои мушаххас андешанд, зеро таҳияи харитаи роҳи миллии рақамикунонии соҳаҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва саривақтист»,-баён дошт Масрур Абдуллозода.

Зикр гардид, ки ҳадафи харитаи роҳ пешбурди устуворонаи тағйироти рақамӣ дар бахши маориф мебошад. Он дар ҳамкорӣ ва таҳти роҳбарии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, заминаи стратегӣ ва амалиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳалли рақамӣ фароҳам меорад. Харитаи роҳи миллии рақамикунонӣ маълумот медиҳад, ки чӣ гуна таҷҳизоти таълимӣ самаранок ва устувор истифода бурда шаванд ва омӯзиши рақамӣ дар бахши маориф бо ҷалби ҷонибҳои асосии манфиатдор суръат бахшида мешавад. Он қадамҳои мушаххасро барои пешбурди роҳи ҳалли рақамӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба таҷрибаҳои беҳтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муайян мекунад.

 Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид