Дар Душанбе рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Тоҷикистон зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот раванди ҳамкории Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, аз ҷумла таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ва барномаҳои FAO дар Тоҷикистон дар самти рушди агросайёҳӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки агросайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳамчун шакли нав ва муосири сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.
Рушди ин намуди сайёҳӣ ҷанбаҳои зиёдеро фаро гирифта, ба рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши занҷираи арзиши иловашуда бо нархҳои қобили қабул фурӯхтани маҳсулот ва афзоиши даромад, муаррифии имкониятҳои сайёҳиву кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва анъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, истифодаи имконияти сайёҳии маҳалҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.
Ташаббуси Пешвои миллат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар деҳа ва маҳали аҳолинишин такони ҷиддӣ бахшида истодааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ








Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид






