Дар Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд, хабар дод ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.
Мусобиқаи мазкур ба таври гурӯҳӣ идома ёфта, дар он аз 4 минтақаи ҷумҳурӣ дастаҳо ширкат варзиданд. Дар рӯзи охири мусобиқа дастаи шаҳри Душанбе бо дастаи Хатлон-1 аз шаҳри Бохтар вориди рақобат шуданд, ки ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 бар нафъи дастаи Душанбе ба анҷом расид.
Дар бозии охирини мусобиқа дастаҳои Хатлон-2 минтақаи Кӯлоб ва дастаи ШНТМ байни ҳам сабқат намуданд. Барои дастаи Хатлон-2 минтақаи Кӯлоб зарур буд, ки дар ин рақобат бо таносуби 4 гол бар рақиб ғолиб омада, сазовори ҷойи якум шавад. Лаҳзаҳои голзанӣ барои ҳарду даста зиёд буд, вале дастаи Хатлон-2 дар ин бозӣ танҳо 3 гол ба дарвозаи рақиб ворид намуд ва бо таносуби голҳо дастаи Душанбе мақоми аввалро соҳиб гардид.
Пас аз хотимаи рақобатҳо ба дастаҳо Ҷом, медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат тақдим карда шуд. Инчунин дар ин мусобиқа дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва беҳтарин ҷавгонбози ҷавони мусобиқа муайян карда шуда, бо туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






