Дар Кӯлоб оид ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба суботи сиёсии Тоҷикистон машварати минтақавӣ доир шуд

Ноябрь 28, 2021 08:46

ДУШАНБЕ, 28.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати минтақавӣ доир шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар». 

Дар машварат мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Шарифзода, ховаршинос, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён, мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, маориф ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.

Дар машварат Зафар Мирзоён дар мавзӯи «Суиистифодаи дини ислом аз тарафи гурӯҳҳои ифротӣ» маърӯза карда, оид ба аз номи дини ислом баромад кардану ба мардум паҳн кардани маълумоти дурӯғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои тундагаро, ки имрӯз мардумро бо зӯри силоҳ кор мефармоянд, ибрози ақида намуд.

Рамазон Насриддинзода дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки «имрӯз мардуми тоҷик дар фазои тинҷу ором умр ба сар мебаранд. Ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат бармеояд. Дар кори ба Ваҳдати миллӣ расидани халқи мо, пеш аз ҳама, хизматҳои бузурги Сарвари давлатро бояд ёдовар шуд. Зеро маҳз бо саҳму талошҳои беназири он кас мамлакати мо дар муддати кӯтоҳ аз ҷанги таҳмилӣ баромада, рӯ ба инкишоф ниҳод».

Зикр шуд, ки зимни таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мо шоҳид гардидем, ки садҳо иншооти гуногунсоҳаи хоҷагии халқи мамлакат ба истифода дода шуданд. Ин ҳама пешравӣ аз нақши созгори Пешвои миллати тоҷик ва бунёдкоррию талошҳояшон барои некуаҳволии мардуми тоҷик дарак медиҳад.

 

АКСҲО: МИҲД вилояти Хатлон

Ноябрь 28, 2021 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид