ДАР РУСИЯ ВАКСИНАТСИЯ БАРОИ ҲАМА ҲАТМӢ ГАРДИД. Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки дар онҳо ваксинакунонии ҳатмӣ барои ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло ҷорӣ шудааст

Ноябрь 10, 2021 12:32

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази таҳқиқотии ба номи Гамалеяи Федератсияи Русия Александр Гинтсбург изҳор дошт, ки ваксинаи зидди COVID-19 бояд ба тақвими миллии эмкунӣ ворид карда шавад ва худи ваксинатсия барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ карда шавад. Гинтсбург таъкид кард, ки пандемия пас аз эмгузаронии 70-75% аҳолии ҷаҳон хотима меёбад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба рӯзномаи «Известия».

«Барои ин, албатта, ин дору бояд ба тақвими миллии ваксинатсиякунӣ дохил карда шавад»- гуфт Гинтсбург дар мусоҳиба бо «Российская газета». Ў чунин мешуморад, ки барои пешгирӣ аз пандемияи нав, кӯдаконро бояд ба он одат кунонид, ки мисли волидонашон онҳо низ ҳатман бояд эм карда шаванд.

 «Зеро агар шумо ваксина нашуда бошед, пас шумо на танҳо худатон, балки ба наздикони худ, ба ҳама атрофиёнатон зарар мерасонед»-, илова кард директори маркази Гамалея. Табибон аз кишварҳои гуногун бар он назаранд, ки ягона роҳи пешгирӣ аз пайдоиши штаммҳои нави коронавирус ва мавҷҳои навбатии пандемия- ин маъракаи оммавии эмкунӣ мебошад. То ҳол Русия ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки дар онҳо эмкунии ҳатмӣ барои қишрҳои муайяни шаҳрвандон ҷорӣ шудааст.

Ба инфографикаи Ria.ru нигаред, ки дар кадом давлатҳо аллакай зарурати ҷорӣ намудани ин чораро эълон кардаанд. 

ВАТИКАН, ТОҶИКИСТОН, ТУРКМАНИСТОН

Ин 3 давлати ягонае мебошанд, ки дар онҳо эмкунӣ барои ҳамаи сокинони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ шудааст. Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи июли соли равон эмкунии ҳатмии зидди коронавирус барои сокинони аз 18-сола болоро дар мамлакат эълон кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. «Тибқи қарори ситод <…> эмкунӣ бар зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист», — омадааст дар хабар. Дар ситод зикр карданд, ки эмкунӣ ройгон сурат мегирад. Шаҳрвандоне, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ба духтури оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷиат кунанд.

 АВСТРАЛИЯ

Дар охири моҳи июн Австралия тасмим гирифт, ки эмгузаронии ҳатмии коргарони гурӯҳҳои хавфи баланд ва одамони солхӯрдаро  дар хонаҳои пиронсолон гузаронад. Инчунин барои варзишгарон-паралимпичиёне, ки ба Токио сафар мекунанд, низ эмкунии ҳатмӣ ҷорӣ шудааст. Дар Тасмания аз 17 сентябри соли 2021 ваксина барои кормандоне, ки хонаҳои пиронсолонро нигоҳубин мекунанд, ҳатмӣ шуд.

 БРИТАНИЯ

Ҳукумати Британия қонуни наверо қабул кард, ки бар асоси он афроде, ки дар хонаҳои пиронсолон кор мекунанд, бар зидди COVID-19 эм карда шаванд. Қонуни нав аз 11 ноябр эътибор пайдо мекунад ва ба ҳамаи дастраскунандагони ин навъи хидмат (нигоҳубини пиронсолон) дахл хоҳад дошт. Уҳдадорӣ ба ҳамаи коркунони «муассисаҳои хайриявӣ», инчунин ба ихтиёриён ва коркунони тиб, ки дар хонаҳо сокинонро нигоҳубин мекунанд, дахл дорад.

 КАНАДА

13 август Канада гуфт, ки ба зудӣ аз ҳамаи кормандони давлатӣ ва бисёре аз коргарони дигар талаб мекунад, ки зидди COVID-19 эм карда шаванд. Тартиби ваксина инчунин мусофиронеро дар бар мегирад, ки бо ҳавопаймо, қатора ва киштиҳои сайёҳӣ сафар мекунанд. 12 август шахсони расмӣ гуфтанд, ки British Columbia ваксинаи COVID-19-ро ба ҳамаи кормандони хонаи пиронсолон ворид мекунад.  

 ФИҶӢ

 Тибқи иттилои CAN, хизматчиёни давлатӣ дар Фиҷӣ аз 15 август маҷбуранд, ки “ба рухсатӣ раванд». Хизматчиёни давлатие, ки то моҳи ноябр ваксина нагирифтаанд, аз кор озод карда мешаванд.

ФРАНЦИЯ

2 август парлумони Фаронса қонуне қабул кард, ки ваксинатсияро барои кормандони соҳаи тиб ҳатмӣ хоҳад кард.

 ИНДОНЕЗИЯ

Индонезия моҳи феврал ваксинагузаронии ҳатмиро ҷорӣ кард. Вайронкунандагони ин муқаррарот то 5 миллион рупий (357 доллар) ҷарима хоҳанд шуд.

ИТАЛИЯ

Қароре, ки ҳукумати Италия моҳи март қабул кардааст, талаб мекунад, ки кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла фармасевтҳо бояд ваксинатсия карда шаванд. Шахсоне, ки рад мекунанд, то охири сол (бе музд) аз вазифа сабукдӯш мешаванд.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Ноябрь 10, 2021 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»