Дар Суғд ба хотири огоҳонидани мардум аз офати фалокатовари заминларза машварати дастурдиҳӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист ба хотири огоҳонӣ аз офати фалокатовари заминларза машварати дастурдиҳӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Дар ҷараёни машварат намояндагони бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар минтақаи зилзилахез ҷойгир шудаву пайваста дар кишвари мо заминларзаҳои шиддаташон гуногун ба қайд гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, ҳамеша ба аҳолӣ омӯзонидани амалҳо ва қоидаҳои бехатарӣ ҷиҳати коҳиши хатари ин гуна офатҳо ва расонидани ёриҳои аввалин ба осебдидагону ҷароҳатбардоштагон зарур аст.
Сардори шуъбаи кор дар марказҳои таълимӣ-методии вилоятҳо ва курсҳои минтақавии Маркази таълимии Кумита, подполковник Маҳмадтоҳир Гадоев доир ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (СOVID-19) ва идоракунии ҳолатҳои фавқулода, ҷалби қувва ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии пешгирии рафъи ҳолатҳои фавқулода бо истифода аз слайдҳову видеороликҳо маълумот дод.
“Шейк аут”- машқи омӯзишиест, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷиҳати омодагӣ ба заминларза ва ҳифз намудани хонандагону шаҳрвандон гузаронида мешавад. Ин усулро олимон ҳамчун беҳтарин восита ҳангоми рух додани заминларза тавсия менамоянд,-нишон дода шуд дар слайд.
Дар поёни машварат ба иштирокдорон маводи омӯзишӣ дар шакли электронӣ ва чопӣ бо теъдоди 5000 адад, китобчаҳо ва плакатҳо тақсим карда шуданд. Ин воситаҳои таблиғӣ бо маблағгузории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист таҳия ва чоп шудаанд.
АКСҲО: КҲФ ва МГ








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






