Директори Мактаби ронандатайёркунии ҶДММ «Чархи Роғун» бо ҷурми қаллобӣ боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори Мактаби ронандатайёркунии ҶДММ «Чархи Роғун»-и шаҳри Истаравшан Нематулло Ибодуллозода бар ивази тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагӣ аз шаҳрванд «А» маблағ талаб намуда, баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
«Нематулло Ибодуллозода дар вазифаи директори Мактаби ронандатайёркунии ҶДММ «Чархи Роғун»-и шаҳри Истаравшан кор карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоев Илҳомҷон Иномҷонович барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои «В,С,Е» аз шаҳрванд «А» маблағи 8200 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомонӣ гирифтааст ва боз оварда додани боқимонда маблағ — 3200 сомониро талаб кардааст», — хабар доданд аз Агентӣ.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ бевосита баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 3200 сомонӣ Нематулло Ибодуллозода дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун делали шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Нематулло Ибодуллозода ва Абдуллоев Илҳомҷон Иномҷонович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расонидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат чунин муроҷиат мекунад:
«Дар хотир дошта бошед, ки коррупсия ҳамчун ҷинояти вазнин яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат мегардад. Биёед бо ин зуҳуроти хавфноки ҷомеа якҷоя муқовимат намоем! Телефони боварии мо: (+992 37) 224 – 23-23».
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






