Доир ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона ҷаласа доир шуд

Ноябрь 30, 2021 09:31

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона дар талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳамчунин барои пешгирии қонунвайронкуниҳо ва сари вақт бартараф намудани онҳо аз ҳисоби кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб дар мавзеъҳои осебпазир навбатдорӣ ташкил гардидааст. Дар ин бора зимни ҷаласаи корие, ки  бо иштироки раисони ҷамоатҳо ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, хабар дода шуд.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки гурӯҳҳои корӣ якҷоя бо Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунии заминҳо, худсарона ишғол намудан, сохтмони худсарона дар талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе мунтазам чораҷӯӣ намуда, дар Ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаҳои Зафар, Чоряккорон дара, Ҳуснобод, Меҳробод, Армуғон ва Маърифати Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаҳои Бакавул, Девдара, Дашти хорзо, Гулбоғ, Шодоби Ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Чорбоғи ноҳияи Варзоб, маҳаллаҳои Лучоби ноҳияи Сино, Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, маҳалаи боғи Ғалабаи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба вайронкунандагони қонунгузории замин тибқи тартиби муқарраргардида чораҷӯӣ намудаанд. Прокуратураи генералӣ барои пешгирии қонунвайронкунӣ, истифодаи ғайримақсадноки қитъаҳои замин, махсусан заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва сохтмони худсарона дар онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида, шахсони алоҳидаро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд.

Ориф Хоҷазода аз раисони кумитаҳои идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ, Варзоб, муовини раиси кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб вазъиятро пурсида, ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз сидқи дил ва софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ, зиёд намудани корҳои тарғиботӣ барои истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаҳои замин супоришҳо дод.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки  барои ба «Минтақаи сабз» табдил додани талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе ва ба ин восита беҳтар намудани вазъи экологии пойтахт бояд тадбирҳои судманд андешида шаванд. Изҳори боварӣ гардид, ки иштирокчиёни ҷаласа, махсусан раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ба пешгирии қонунвайронкунӣ ва сари вақт бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоршуда мусоидат намуда, ҳамкориро дар ин самт бо кумитаҳои идораи замин дар маҳал беҳтар ба роҳ мемонанд.

АКС: Кумитаи идораи замин ва геодезӣ

Ноябрь 30, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад