ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар пойтахт 263 644 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида мешаванд

Ноябрь 18, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи нақша дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт  263 644 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонида мешаванд. Ин тасмим  дар доираи татбиқи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат гирифта шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе» бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар талу теппаҳои маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.  Дар ин минтақа давра ба давра беш аз 800 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида мешавад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе хуш пазируфта, дар мавсими гузашта дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои пойтахт зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонид, ки айни замон дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 18, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд