Форуми минтақавии соҳибкории Рашт-2021 баргузор шуд

Ноябрь 3, 2021 10:06

РАШТ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 ноябри соли 2021 дар ноҳияи Рашт Форуми минтақавии соҳибкории Рашт — 2021 таҳти унвони «Рушди соҳибкории агросаноатӣ» ва ҷаласаи 7-уми Шурои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт ба иштироки намояндагони доираҳои соҳибкориву сармоягузорӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд ва коршиносон баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт Саъдӣ Қодирзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, раванди ободониву созандагӣ, сохта ва ба истифода додани иншоотҳои таъиноти гуногун дар водии Рашт тадбирҳои судманд андешида мешавад, ки он ба мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дар маҷмуъ ноҳияҳои минтақа мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа, аз ҷумла вобаста ба саҳми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар самти баррасӣ, пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ, тавсеаи фаъолияти заршуӣ, таъсиси бизнес-инкубатор дар ноҳияи Рашт, роҳандозии озмоишгоҳи хокшиносӣ, ҷамъоварӣ ва банду басти меваҳо, ба роҳ мондани ҷамъоварӣ ва коркарди меваю сабзавот, пусту пашм ибрози назар карда шуд.

Зимни ифтитоҳи Форум, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт Саъдӣ Қодирзода қайд намуд, ки бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ, 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи соҳибкорон дар водии Рашт бори нахуст Форуми минтақавии соҳибкории Рашт-2021 таҳти унвони «Рушди соҳибкории агросаноатӣ» баргузор мегардад.

Ҳадафҳои Форум шиносоӣ бо имкониятҳои соҳибкорӣ дар самти васеъ намудани истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории водии Рашт, ҷустуҷўи роҳҳои муосиргардонии дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, дарёфти бозорҳои фурӯш, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорию сармоягузорӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар кори Форум мавзуъҳои имконияти рушди соҳаи кишоварзӣ ва арзёбии заминаҳои мавҷуда дар водии Рашт, дарёфти роҳҳо ва усулҳои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, роҳандозии усулҳои нави ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар тақвияти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, афзалиятҳои технологияҳои муосир дар баланд бардоштани суръат ва сифати маҳсулот, омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар форум намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, КВД “Хӯрокворӣ”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҶДММ “Рахш — а — ЛТД”, шаҳри Ваҳдат, ҶСК «Кафолат», шаҳри Душанбе, ҶДММ “Баракат — Исфара”, шаҳри Исфара, ташкилоти ҷамъиятии «Рӯшноӣ», ноҳияи Рашт, ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Сурхоб”, ноҳияи Тоҷикобод ва дигарон баромад намуданд.

Ҳангоми мубодилаи афкор баромадкунандагон вобаста ба таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар самти баррасӣ, пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ, имконияти истифодабарӣ аз хизматрасониҳои “Саноатсодиротбонк”, тавсеаи фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва банду басти меваҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва васоили банду басти меваҳо, ба роҳ мондани ҷамъоварии пусту пашм ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, аз иштирокчиён ва дигар соҳибкорону сармоягузорон даъват ба амал оварда шуд, ки нерў ва иқдомоти дастаҷамъонаи худро барои таҳкими муносибатҳои созанда, таъмини рақобати солим ва рушди иқтисодиёти водии Раштонзамин ва дар ин замина, саҳми шоистаи худро дар таъмини рушди иқтисодиёти мамлакатамон равона менамоянд.

Дар форум шаш санади ҳамкорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти фароҳамоварӣ ва эҷоди мавзеъҳои сайёҳӣ ва бунёди иншооти хизматрасонӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои сайёҳӣ, оид ба ҳамкориҳо дар самти банду баст ва коркарди аввалияи мева, ҳамкориҳо дар соҳаи агросаноатӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот ва дар самти занбурпарварӣ, истеҳсол ва содироти асал ба имзо расонида шуд.

     АКСҲО: АМИТ «Ховар» 

Ноябрь 3, 2021 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи рақамикунонӣ барои идораи соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад
Ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад
Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
Бо мақсади пешгирӣ аз суқут Маъмурияти федералии авиатсияи граждании Амрико санҷиши ҳавопаймои BOEING 767-ро талаб намуд
Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ 18 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ намуд
Президенти Тоҷикистон татбиқи тарҳҳои неругоҳи «Сангтӯда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро дастоварди муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон номиданд
Байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон барои сармоягузорон фазои муносиби иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст
Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон дар ду соли охир 50 дарсад афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Иқтидори бузурги энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар оянда метавонад ба нафъи дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон низ истифода шавад»