ФУТБОЛ. Шоми имрӯз бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад

Ноябрь 16, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00 дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и Қазоқистон бозии дӯстонаи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби  Қазоқистон баргузор мешавад,  иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Ба бозии дӯстонаи дарпешистода сармураббии муваққатии дастаи мунтахаби  Тоҷикистон Мубин Эргашев 21 бозингар, аз ҷумла ҳашт легионерро бо худ бурд. Ниммуҳофизатгари дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Алишер Ҷалилов дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Қазоқистон сарвони дастаи мунтахаби Тоҷикистон  хоҳад буд. Ҷойнишини сарвонро дифоъгари дастаи «Бунёдкор» Давронҷон Эргашев ба зимма дорад. Барои Алишер Ҷалилови 28-сола вохӯрии дарпешистода бо Қазоқистон ёздаҳумин дидор бо пероҳани дастаи мунтахаби Тоҷикистон хоҳад буд. Дар даҳ бозии қаблӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Алишер Ҷалилов се гол зада буд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо дастаи  мунтахаби  Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Зоир Ҷурабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Мубин Эргашев

                                                                  АКС: ФФТ

Ноябрь 16, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид