Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Ноябрь 30, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз дар мулоқоти cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  бо муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC)  Ғода Волӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру ҷинояткорӣ муҳокима намуданд. Хуршед Каримзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории мақомоти гумрук бо UNODC дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла оид ба «Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо» ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сухан намуд.

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, ки бо талошҳои муштарак мо метавонем ба рушди босуръати ҳамкории мутақобилан судманд такони нав бахшем, ки он ба густариши самтҳои нави муносибатҳои дуҷониба  муосидат менамояд. Ҳамчунин Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ба андешидан ва роҳандозии тадбирҳои ҳамоҳангшудаи муассир ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир равона хоҳад шуд.

Сипас аз ҷониби сардори Хадамоти гумрук  Хуршед Каримзода ва Ашита Миттал, Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ санад оид ба супоридани таҷҳизот ба имзо расонида шуд. Мавриди  зикр аст, ки давлатҳои ширкаткунандаи «Барномаи ҷаҳонии UNODC ва СҶГ оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо» ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Гурҷистон, Украина, Афғонистон  ва Покистон ба ҳисоб рафта,  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Барномаи мазкур 18 марти соли 2014 ҳамроҳ шуд.

Соли 2014 Хадамоти гумрук барои шомил намудан ба Барномаи мазкур ду воҳиди сохторӣ — гумруки  «Панҷи Поён» ва дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2»-ро пешниҳод намуда буд. Соли 2017 ба ин Барнома гурӯҳҳои назорати бандарӣ аз ҳисоби кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғду Бадахшон шомил гардиданд.

Дар давраи татбиқи Барнома утоқҳои кории аъзои гурӯҳҳои назорати бандарии дидбонгоҳи гумрукии  «Душанбе-2», дастгоҳҳои марказии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғду Бадахшон пурра таъмир гардиданд. Аъзои гурӯҳи назорати бандарӣ мунтазам дар омӯзишу машғулияти назариявию амалӣ дар мавзӯъҳои «Спетсификатсияи контейнерҳои E-BIC», «Тарзҳои назорати контейнерҳо», «Истифодаи Container Comm ҳамчун манбаи маълумот», «Профили таваккал ва муайян намудани контейнерҳои таваккал», «Усулҳои ғайриқонунии марбут ба муҳрҳо, топаҳо, техника ва тадбирҳои ошкоркунӣ», «Ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ», «Конвенсияи оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (CITES,)» ва ғайраҳо, ки аз ҷониби барнома бо ҷалби мутахассисони СҶГ баргузор гардид, иштирок намуданд.

 АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 30, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд