Хуршед Зиёӣ: Тоҷикистон ба фарҳанг арҷ гузошта, онро ҳастии миллат эълон намудааст

Ноябрь 29, 2021 11:24

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Дар Тоҷикистон забон, адабиёт, илм, таҳсилот, фарҳанг ва иттилоот ба «неруи нарм» дохил шуда, бо ин роҳ обрӯйи кишвар дар арсаи байналмилалӣ афзун  мегардад. Таваҷҷуҳ ба сохторҳои  фарҳангию адабӣ дар канори унсурҳои моддӣ яке аз хусусияти хоси сиёсати давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, дар шаклгирии ҷаҳонбинии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба фарҳанг арҷ гузошта, онро ҳастии миллат эълон намуда, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам овардад»,-мегӯяд Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ. 

Х.Зиёӣ зимни баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Неруи нарм ҳамчун воситаи бурдани ҷангҳои гибридӣ дар замони муосир» зикр намуд, давлатҳое ҳастанд, ки неруи нармро муғризона дар набардҳои гибридӣ (омехта) ҳамчун восита ва афзори таъсиррасон истифода мекунанд. «Дар набардҳои иттилоотӣ ва гибридӣ неруи нарм ба таҳриби мафкура ва маънавиёти қишрҳои гуногуни ҷомеа, пеш аз ҳама, ҷавонон нигаронида шудааст. Дар ин маврид барҳақ зикр шудааст, ки  таҳлили сатҳии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва фазои шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба объекти таъсири неруи нарми кишварҳои гуногун мубаддал гаридааст»,-афзуд ӯ.

Зикр карда шуд, ки воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, унсурҳои вобаста ба фарҳангу маориф ва ғайра дар самт додани афкори ҷамъиятии шаҳрвандон аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода мешаванд, ки ҳамаи онҳо дар дарозмуддат ба шакл додани қишри «ҷонибдорон» ва «ҳаводорон»-и ин давлатҳо нигаронида шудаанд.

Ҷавонону наврасон бештар ба иттилооти шабакаҳои иҷтимоӣ майли зиёд доранд. Дар чунин шароит масъалаи таъсири «неруи нарм» ба муҳити ҷавонон дар Тоҷикистон аҳамияти баланди амалӣ касб мекунад, чунки он пеш аз ҳама,  ба тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва самтгирии минбаъдаи ҷавонон таъсир мерасонад.

Ба андешаи Хуршед Зиёӣ, хусусияти аслии «неруи нарм» аз он иборат аст, ки он аз ҷониби давлатҳои манфиатдор барои ташаккул додани ҷонибдорони сиёсат, фарҳанг ва дар маҷмӯъ, тамаддуни онҳо амалӣ шуда, дар аввал ҳамчун ҳамкорӣ дар самти маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ намудор мешавад. Баъди гузаштани чанд насл ва қавӣ шудани тафаккури беруна дар ҷомеа он ба вобастагии амиқ дучор шуда, риштаи идора ба берун интиқол меёбад.

«Мутаассифона, боздоштан ё аз байн бурдани ин раванд ғайриимкон аст. Роҳи беҳтарин дар чунин раванд дарки дуруст ва истифодаи ҳадафмандонаи имконияти «неруи нарм» дар доираи манфиатҳои миллӣ мебошад, ки заминаи ҷиддиро барои корҳои маърифатию тарбиявӣ муҳайё месозад. Неруи нарм асосан тариқи фарҳанг, маориф, созмонҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва интернет дар амал татбиқ гардида, барои ташаккул додани самтгириву авлавият нигаронида мешавад»,-изҳор медорад Х. Зиёӣ.

Зикр гардид, ки солҳои охир кишварҳо кӯшиш доранд, то бо роҳи тарғиби истифода аз неруи нарм сулҳу суботро устувор гардонанд ва фазои осуда ва осоиштаро таъмин намоянд. Ин ташаббуси шоистаро Бунёди маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)-и Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ карда, баробари рушди соҳаҳои илму маориф тавассути дипломатияи фарҳангӣ ба ҳифзу ҳимояи мероси маънавию ёдгориҳои беназири таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун ҷузъи тавонои неруи нарм ҳифз ва муаррифӣ месозад. Аз ин рӯ,  дар дипломатияи муосир аз «неруи нарм» ба таври фаровон истифода  мекунанд.

Бояд гуфт, ки истилоҳи «неруи нарм» таърихи начандон дур дошта, дар солҳои сиюми асри гузашта арзи вуҷуд намудааст. Ҳанӯз соли 1939 дипломат ва назариячии робитаҳои байналмилалӣ Эдвард Ҳаллетт Карр қудрати давлатро дар фаъолиятҳои байнидавлатӣ ба се қисм: неруи низомӣ; неруи иқтисодӣ ва неруи нарм (неруе, ки бар афкору андеша ҳукмрон аст) тақсим карда, навъи сеюмро барои дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда буд. Ба ин масъала баъдтар муҳаққиқи дигар Ҷозеф Най  таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мафҳуми «неруи нарм»-ро расонаӣ кард ва ҷонибдорони зиёд пайдо намуд. Ба ақидаи ин донишманд, «неруи нарм» ба се манбаъ: фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва ормону орзуҳо дар самти сиёсати хориҷӣ такя мекунад.

          АКСҲО: МТС

Ноябрь 29, 2021 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад