ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ — РАВШАНГАРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН. Андешаҳои мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2021 10:41

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷумҳуриро равшан намуд. Дар он давраи пурошӯб, ки давлату давлатдории тоҷикон дар вартаи нестӣ қарор дошт, бо ибтикори фарзандони бедордилу ватанпараст дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гардид, ки он аз ҷиҳати моҳият ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон арзиши баробар дорад. Чунин ибрози назар намуд дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шараф Алланазаров.

Бино ба таъкиди ӯ, ин иҷлосияи таърихӣ ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод, ҳамзамон ба дӯшашон вазифаи мураккаб, вале муқаддас — бунёди давлати воқеан соибистиқлол ва демократиро вогузошт.

«Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуданд, ки мебоист на танҳо иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати Тоҷикистонро тармим кунанд, балки сохтмони онро бар пояҳои устувору кӯҳи сифатан нав барпо намоянд», — тазаккур дод мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.

Тавре мавсуф ёдовар шуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт таъкид намуда буданд, ки «азму иродаи мо дар роҳи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин, сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».

«Сарвари тозаинтихоби давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони тарафҳои муқобилро ба иштирокчиёни иҷлосия муаррифӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «ин иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем»», — идома дод Ш. Алланазаров.

Аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ то имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ба зикри ҳамсуҳбати мо, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечу тоби музокиротро тай намуд.

«Давоми қариб чор сол ҳашт давраи музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯрии ғайрирасмӣ анҷом дода шуд. Дар ин раванд ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд. Инчунин барқарор намудани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти давлат буданд», — тазаккур дод ӯ.

Бино ба андешаи Ш. Алланазаров, имрӯз баъди 29 соли баргузории анҷумани саодати миллат доир ба нақши он дар таърихи мамлакат андеша ронда, қабл аз ҳама, хидматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар ва ба андешаи миллӣ табдил додани ин мафҳум иброз намудан ба маврид аст.

«Тавре Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид доштанд, бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот кулли он вазифаҳои асосие, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакат муайян гардида буданд, амалӣ гаштанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ба имзо расид, як миллион гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргаштанд, волоияти қонун дар мамлакат барқарор гардид, роҳи бунёдкорию созандагӣ пеш гирифта шуд» — ёдовар шуд ӯ.

Мавсуф иброз дошт, ки маҳз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумати қонунӣ, талошу субот ва иродаи матини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозиҳои омилҳои зикргардида буд, ки тадриҷан ба ташаккули нуфузи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оварда расонид. Дар робита ба ин, фишангҳои тавоное баҳри рушди равобити байналмилалӣ ба вуҷуд омаданд, ки барои комилан ба анҷом расондани раванди  бозгашти фирориёни иҷборӣ дар роҳи расидан ба сулҳи комил мусоидат намуданд.

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишвар ҳам дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва ҳам дар миқёси минтақа назар афканда, метавон равшану возеҳ эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги  созанда ҳанӯз дар ҳамон давраҳои мудҳиш маҳз ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳрезӣ гардидаанд.

«Дар ҳақиқат, баҳри расидан ба ин рӯзи фирӯз нақши барҷастаи фарзанди фарзонаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург буда, хизматҳои арзандаи Сарвари давлат аз ҷониби халқ ва мақоми олии қонунбарори кишвар бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат қадршиносӣ гардиданд, — иброз дошт дар фарҷоми суҳбат мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ш. Алланазаров. — Бо гузашти вақт аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтар хоҳад гашт, зеро он ба оламиён нишон дод, ки миллати тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо метавонад ба ҳам ояду ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибтидо гузорад».

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода