Китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» ба нашр расид

Ноябрь 8, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 8.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид. Дар он фикру андешаҳои муҳаққиқону донишмандони варзидаи ҷумҳурӣ нисбат ба асари безавол ва бузургқомуси миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо – «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қалами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, гирд оварда шудаанд, иттилоъ доданд аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асари мазкур аз муҳтавои навиштаҳои илмии муҳаққиқони риштаи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ бармеояд, ки асари тозанашри дуҷилдаи мазкур дар ҳавзаи илмии муҳаққиқон  ва дар доираи аҳли зиё мақому манзалати беназир касб намудааст.

Дар сарсухани асари мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илми ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Насриддинзода  навиштааст, ки «Асари «Забони миллат – ҳастии миллат» дар баробари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров асари нодири таҳқиқотӣ, бузургтарин сарчашмаи муътамад ва оинаи тамомнамоест,  ки дар он таърихи зиёда аз 3500 – солаи забон, адабиёт, таърих, фарҳангу тамаддуни тоҷикон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст ва дастагули муаттарест ба тамоми аҳли зиё, бедордилони кишвару посдорандагони забони модарӣ, фарзандони асили Ватани азизамон».

Ҳамчунин дар асари мазкур мақолаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода таҳти унвони «Пешвои миллат оид ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷикӣ» нашр шудааст, ки дар он ақидаҳои муаллиф оид ба нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақому мартабаи забони модарии тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ дарҷ гардидаанд. «Агар бузургони пешин- устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷикон арҷгузорӣ карда, онро ҳамчун мероси аслии миллат рӯнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил  ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ карда, мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла сайёра баланд бардоштаанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад»,-навиштааст Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

АКС:  АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 8, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид