Китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» ба нашр расид

Ноябрь 8, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 8.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид. Дар он фикру андешаҳои муҳаққиқону донишмандони варзидаи ҷумҳурӣ нисбат ба асари безавол ва бузургқомуси миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо – «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қалами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, гирд оварда шудаанд, иттилоъ доданд аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асари мазкур аз муҳтавои навиштаҳои илмии муҳаққиқони риштаи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ бармеояд, ки асари тозанашри дуҷилдаи мазкур дар ҳавзаи илмии муҳаққиқон  ва дар доираи аҳли зиё мақому манзалати беназир касб намудааст.

Дар сарсухани асари мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илми ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Насриддинзода  навиштааст, ки «Асари «Забони миллат – ҳастии миллат» дар баробари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров асари нодири таҳқиқотӣ, бузургтарин сарчашмаи муътамад ва оинаи тамомнамоест,  ки дар он таърихи зиёда аз 3500 – солаи забон, адабиёт, таърих, фарҳангу тамаддуни тоҷикон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст ва дастагули муаттарест ба тамоми аҳли зиё, бедордилони кишвару посдорандагони забони модарӣ, фарзандони асили Ватани азизамон».

Ҳамчунин дар асари мазкур мақолаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода таҳти унвони «Пешвои миллат оид ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷикӣ» нашр шудааст, ки дар он ақидаҳои муаллиф оид ба нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақому мартабаи забони модарии тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ дарҷ гардидаанд. «Агар бузургони пешин- устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷикон арҷгузорӣ карда, онро ҳамчун мероси аслии миллат рӯнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил  ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ карда, мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла сайёра баланд бардоштаанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад»,-навиштааст Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

АКС:  АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 8, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд аз 950 иншооти ҷашнӣ 518 адади он сохта ба истифода дода шудааст
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 164 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад