Конститутсияи Тоҷикистон иродаи олии халқ,- бардошт аз конференсия дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- иродаи халқ дар роҳи давлатсозии миллӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии амалию назариявӣ баргузор шуд.
Дар конференсияи мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки мо насли ҷавони мамлакат ифтихорманд аз онем, ки бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик 6 ноябри соли 1994 санади тақдирсози миллӣ- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори аввал тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон иродаи олии халқ дар роҳи бунёди давлати навини миллат аст.
«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «халқе, ки дар замираш бунёдкориву созандагӣ сабт шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст ва он моро ба ояндаи нек роҳнамоӣ мекунад». Воқеан, вақт собит намуд, ки Конститутсияи давлати мо ифодагари орзуву ормони чандҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, дар меъёрҳои он рӯҳияи чандинасраи миллӣ инъикос ёфтаанд. Зеро ин санади олии давлатдорӣ аз фарҳанги пурғановату таърихи қадимаи миллат сарчашма гирифтааст»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Ҳамчунин дар ҳавоиш зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихии Конститутсияро чун ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба хубӣ дарк карда, онро сарчашма ва бақои давлату миллат арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, 23 апрели соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Ҷиҳати расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дебочаи худ халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намуда, масъулияти таърихии онро дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муайян намуд. Мақсади таърихии худро дар баробари таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи ҳар шахс, таъмин ва кафолати баробарӣ ва дӯстии тамоми хадқу миллатҳо, инчунин аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Маҳмадшозода доир ба ҷанбаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
АКСҲО аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд






