Маҳсулоти Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи Селангор муаррифӣ мегардад

Ноябрь 20, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти Тоҷикистон дар 5-умин Саммити байналмилалии тиҷоратии Селангор 2021 ва Намоишгоҳи байналмилалии Селангор (ғизо ва нушокиҳо) таҳти унвони «Фардо, имрӯз!», ки 18 ноябр оғоз гардид, муаррифӣ мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия хабар медиҳад.    

Дар Намоишгоҳи байналмилалии Селангор (хӯрокворӣ ва нушокиҳо) Сафорат маълумотҳоро дар бораи маҳсулот ва истеҳсолкунандагони миллӣ, намунаҳои маҳсулот ва наворҳои видеоиро, бахусус аз ширкатҳои ватании ғизо ва нӯшокиҳои «Сиёма», «Баракат Исфара», «Амирӣ», «Витаминхои Тоҷикистон», «Ширин» ва гайраро ба маърази тамошобинон гузоштааст.

Намоишгоҳи мазкур ҳамчун як платформаи тиҷоратӣ барои пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик дар бозорҳои хориҷӣ, бахусус дар Малайзия ва рушди иқтидори содиротӣ, боз кардани бозорҳои нав барои маҳсулот, тавсеаи ҳамкориҳо миёни ширкатҳои Тоҷикистону Малайзия ва ҳамчунин ҷалби сармояро мебозад.

Тибқи иттилои созмондиҳандагони Саммити байналмилалии тиҷоратии Селангор дар соли ҷорӣ 500 ширкатҳои байналмилалӣ маҳсулотҳои худро ба намоиш гузошта, дар давоми 4 рӯзи чорабинии сатҳи байналмилалӣ беш аз 10,000 меҳмононро интизоранд.

Намоишгоҳ то 21 ноябр идома мекунад.

АКСҲО аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия

Ноябрь 20, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид