Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 51,1% иҷро гардид

Ноябрь 27, 2021 15:28

ДУШАНБЕ, 27.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи мақсадноки аҳолӣ, ки дар Тоҷикистон бояд бо ваксинатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шаванд, 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафар мебошанд, ки аз ин шумора то санаи 27 ноябри соли равон 2 миллиону 977 ҳазору 282 нафар (51,1%) шаҳрвандони мамлакат бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 2 миллиону 578 ҳазор нафар (43,3%) гирифтаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило медиҳад.

Боиси хушнудист, ки шумораи мақсадноки аҳолӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо вояҳои якум ва дуюм пурра ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

Ҳамин тавр, то ба ҳолати 26 ноябри соли равон аз рӯи шумораи мақсадноки аҳолӣ дар вилояти Хатлон 45,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 37,5%, вилояти Суғд 43,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 34,2%, ВМКБ 67,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 64,9%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 43,0% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 36,9% шаҳрвандон бо ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

Мутаассифона, дар кишвар бархе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки дар самти иҷроиши нақшаи бо ваксинатсия зидди сирояти коронавирус фаро гирифтани шаҳрвандон нишондоди хуб надоранд.

Махсусан, дар миёни вилоятҳо вилояти Суғд дар самти иҷроиши нақшаи мазкур аз рӯйи фоиз дар сатҳи поён қарор дорад.

Инчунин, иҷроиши нақшаи бо иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандон аз рӯи шумораи мақсадноки аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Рашт, Нуробод, Рӯдакӣ, Кушониён, Вахш, Ҷамолиддин Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ ва Масчоҳ дар сатҳи паст қарор дорад.

Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони даъват ба амал меорад, ки дар гирифтани вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд, зеро, ягона роҳе, ки аҳолии кишварро метавонад аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус эмин нигоҳ дорад, ин гирифани ваксинаи зидди COVID-19 шумор меравад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 27, 2021 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»