Моҳбону Нақҳатзода, муовини Раиси БМТ: Тоҷикистон дар роҳи рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ қадамҳои устувор мегузорад

Ноябрь 27, 2021 12:56

ДУШАНБЕ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон  лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлат дар давраи солҳои 2021-2025 омода ва тасдиқ гардид. Тибқи ин нақша дар панҷсолаи наздик таҳия ва такмили қонунгузорӣ ва заминаи ҳуқуқӣ, таъсиси низоми пардохти чакана тавассути стандарти ягонаи QR— рамз (Quick Response cod), ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар масъалаи ҷорӣ намудани пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи воситаҳои электронии пардохтӣ аз ҷониби аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар иртибот ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  маҷмӯи саволҳо ба муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода муроҷиат намуд, ки ин муҳовараро манзури хонандагон менамоем. 

 АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар кадом сатҳ татбиқ гардида истодааст?

Моҳбону Накҳатзода: Бонки миллии Тоҷикистон  бо мақсади рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва вусъати истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар муомилоти пулии кишвар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 30 ноябри соли 2018 мавриди татбиқ қарор дорад.

АМИТ «Ховар»: Ҳоло дар ҷумҳурӣ кадом хизматрасониҳои  давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудаанд?

Моҳбону Накҳатзода: Бояд як нуктаро зикр намуд, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мақомоти давлатӣ  бо ташкилоти қарзии молиявӣ корҳои заруриро анҷом додаанд. Айни замон пардохти якчанд хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи неруи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, тандурустӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, хизматрасониҳои бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ имконпазир гардидаанд.

Ташкилоти қарзии молиявӣ технологиҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, бонкдории мобилӣ, интернет банкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз, маблағҳои электронӣ ва дигар хизматрасониҳои муосирро муваффақона роҳандозӣ намуда истодаанд. Татбиқи чорабиниҳо барои ҳавасманд гардонидани муштариён ҷиҳати истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ, аз қабили «cash back», бонусҳо, пешниҳоди фоиз ба бақияи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ ва дигар чораҳои муосир барои зиёдшавии истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва афзоиши амалиёти ғайринақдӣ мусоидат намуда истодаанд.

Ислоҳоти гузаронидашуда дар самти содагардонии расмиёти кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, барои аҳолӣ ва бахши соҳибкорӣ имконияти сари вақт ва қулай анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои дигари бонкиро фароҳам овардааст.

Шумораи суратҳисобҳои барои муштариён дар ташкилоти қарзии молиявӣ /ТҚМ/ кушодашуда

Шумораи суратҳисобҳои бонкӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,9 фоиз зиёд гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз сӯи Парлумони  мамлакат дар самти пешниҳоди  хизматрасониҳои пардохтӣ кадом дигаргунию пешрафтҳо ба амал омаданд?

Моҳбону Нақҳатзода: Бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда, ба рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

БМТ  ва ташкилоти қарзии молиявӣ пайваста ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири молиявию бонкӣ машғул буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодиёти кишвар хизматрасониҳои бонкиро ҷолибу муносиб гардонанд.

АМИТ «Ховар»: Рушди бозори кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҷумҳурӣ яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт БМТ дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоти  қарзии молиявӣ тадбирҳо меандешад?

Моҳбону Накҳатзода: Бо мақсади рушди бозори кортҳои пардохтӣ БМТ  дар якҷоягӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ барои вусъати истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо дар савдои чакана тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Ин аст, ки дар ҳашт моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 3,91 миллион адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,3 фоиз зиёд аст.


Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмӯъ 1 ҳазору 258 адад банкомат ва 4 ҳазору 878 адад терминалҳои электронӣ насб гардидаанд.Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ, 1 ҳазору 881 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 2 ҳазору 997 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб шудаанд.

Динамикаи рушди инфрасохтори пардохтӣ (адад)

Инчунин дар ҳашт моҳи соли равон бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 43,7 миллион адад амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 2 миллиарду  253 миллион  сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи шумора 57 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,1 маротиба  афзоиш ёфтааст.

АМИТ «Ховар»: Яке аз тамоюлҳои нав дар низоми бонкии ватанӣ — ин ҷорӣ намудани технологияи интиқоли маблағҳои электронӣ мебошад. Дар ин самт Тоҷикистон ба кадом дастовардҳо мушарраф гардидааст?

Моҳбону Накҳатзода: Ташкилоти қарзии молиявӣ чунин усули пардохтҳои ғайринақдиро аз соли 2018 ба муштариёни худ фаъолона пешниҳод намуда истодаанд. Бо истифода аз маблағҳои электронӣ муштариён имконият пайдо карданд, ки як қатор хизматрасониҳоро тавассути телефонҳои мобилӣ (смартфонҳо) ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.Айни замон, аз ҷониби 15 ташкилоти қарзии молиявӣ ба аҳолӣ хизматрасонии ҳамёни электронӣ пешниҳод гардиааст. Ин  намуди хизматрасонӣ ҳам барои аҳолӣ ва ҳам барои соҳибкорони хурду миёна, ки дар соҳаи савдою хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, барои пардохти молу хизматрасониҳо воситаи осону қулай мебошад.

АМИТ  «Ховар»: Омори дорандагони ҳамёнҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ чӣ миқдорро ташкил медиҳад?

Моҳбону Накҳатзода: Суръати афзоиши ҳамёнҳои электронӣ дар кишвар хеле баланд аст. Ба санаи 31 августи соли  равон теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 2 741 677 ададро ташкил дод, ки  дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 –ум 1,5 миллион адад ё 2,2 маротиба зиёд гардидааст.


Шурӯъ аз соли 2019 операторҳои алоқаи мобилӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ инфрасохтори зарурии пардохтиро барои қабули маблағҳои пардохти молу хизматрасониҳо ба таври ғайринақдӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ роҳандозӣ намуда истодаанд. Дар ҳашт моҳи соли равон тавассути ҳамёнҳои электронӣ дар маҷмӯъ 13,3 миллион адад амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 650,2 миллион сомонӣ анҷом дода шуданд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳо ҳам аз лиҳози шумора ва ҳаҷми амалиётҳо 2,6 маротиба афзоиш ёфтаанд.

Ташкилоти қарзии молиявӣ бо мақсади рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ нисбатан камхарҷ буда, барои истифодабарандагони он имконияти васеътарро барои пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам меоранд. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 9 019 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 2 маротиба зиёд аст.

Инчунин дар ин давра таносуби ҳаҷми амалиёти гирифтани пули нақд ва амалиёти ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 90,1 фоиз ба 9,9 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳиссаи амалиёти ғайринақдӣ 1,9 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Амалиёт бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (млн. сомонӣ) ва ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ (%)

АМИТ «Ховар»: Оё бо мақсади рушди хизматрасониҳои муосири бонкӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ самти нави фаъолияти бонкӣ – фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ роҳандозӣ гардидааст? 

Моҳбону Накҳатзода: Айни замон шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои ташкилоти қарзии молиявӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ имконият пайдо намуданд, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ ҷалб карда шаванд. Фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ барои фарогирии молиявӣ, яъне васеъ намудани дастрасии молиявии аҳолӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар, кам кардани хароҷоти ташкилоти қарзии молиявӣ вобаста ба сохтмони филиалҳо ва ё марказҳои хизматрасониҳои бонкии нав, ба низоми бонкӣ дохил намудани гардиши пули нақд тавассути терминалҳои худкори хизматрасон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мусоидат менамояд. Тибқи ҳисоботи ташкилоти қарзии молиявӣ ба ҳолати нимсолаи соли 2021, аз ҷониби ташкилоти қарзӣ 86 агенти бонкии пардохтӣ ва 276 субагентҳои бонкии пардохтӣ барои анҷом додани баъзе аз амалиёти бонкӣ ҷалб гардидаанд.

АМИТ «Ховар»: Оё монеаҳое вуҷуд доранд, ки  боис ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар гардида бошанд?

Моҳбону Накҳатзода: Бале, ин пеш аз ҳама, меъёри назарраси иқтисоди нақдӣ (пинҳонӣ) – наздик ба 90 фоиз амалиёти гирифтани пули нақд, манфиатдор набудани субъектҳои хоҷагидорӣ ва вазорату идораҳои давлатие, ки ба аҳолӣ хизматрасониҳои пулакӣ пешниҳод менамоянд,  ба рушди ҳисоббарорбаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар  монеа эҷод менамоянд.

Инчунин мавҷуд набудани имтиёзҳои андозбандӣ барои соҳибкорон ҷиҳати анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳавасманд набудани соҳибкорон барои фаъолияти шаффоф, норозигӣ ва саркашии субъектҳои хоҷагидорӣ аз насби терминалҳои электронӣ бо сабаби ҷой доштани хароҷотҳои эквайрингӣ, истифодабарии маҳдуди инфрасохтори пардохтӣ (терминалҳои ғайрифаъол – 59,4 фоиз),мавҷуд набудан ва ё дар сатҳи паст қарор доштани заминаи техникӣ ва технологии таъмини имкониятҳои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои пулакии давлатӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ, маҳдудияти саводнокии молиявӣ дар низом ва миёни аҳолӣ, дар сатҳи зарурӣ набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ низ боис ба рушди ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Дар самти татбиқи «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» Бонки миллии Тоҷикистон кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?

Моҳбону Накҳатзода: Бо мақсади  дар амал татбиқ намудани  «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» БМТ дар якҷоягӣ бо тарафҳои манфиатдор як қатор тарҳу нақшаҳоро таҳия намудааст. Он ҷиҳати таҳкими пояи ҳуқуқии рушди низоми пардохтӣ ва хизматрасониҳои пардохтӣ дар заминаи технологияҳои молиявии инноватсионӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҷорӣ намудани мафҳум ва принсипҳои «бонкдории кушода» (Open Banking), васеъ намудани доираи хизматрасониҳои аз ҷониби агентҳои бонкии пардохтӣ пешниҳодшаванда, ташкили реҷаи махсус барои санҷиши маҳсулоти инноватсионии молиявӣ  нигаронида шудааст.

 

Мусоҳиб
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».

АКС аз АМИТ «Ховар»

Ноябрь 27, 2021 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид
Ширкати Чин дар вилояти Хатлон аз партовҳои сахти коммуналӣ барқ истеҳсол менамояд