Моҳи ноябр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 1 дараҷа баланд шуда, даҳаи дуюм ва сеюми моҳ ба амал омадани бориш дар назар аст

Ноябрь 1, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво 1 дараҷа баланд  ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, даҳаи  дуюм ва сеюми моҳ ба амал омадани борон ва барф дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар бештари ноҳияҳои  вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд  ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо 9+13 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 7+8 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа шуда, рӯзона ҳарорат тағйир меёбад ва то 17+22 дараҷа паст мефарояд. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7, рӯзона 16+21 дараҷа гармӣ дар назар буда, охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешбинӣ шудааст.

Бориш дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон дар ҳудуди меъёри иқлимӣ дар назар дошта шуда, дар минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ ба амал омадани бориш дар назар аст. Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар  вилояти  Хатлон нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 2-3 дараҷа гармтар пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд  ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-1,5 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+9  дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд  пешбинӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 2+7 дараҷа гарм то -2+3 дараҷа, рӯзона аз 15+20 то 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2  то 2-7 дараҷа хунук шуда,  рӯзона аз 9+14 то 3+8 дараҷа гарм мешавад. Охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 7-12 дараҷа  хунук  мешавад.

Дар даҳрӯзаи дуюм ва сеюми моҳи ноябр дар вилояти Суғд бориши  борон ва барфи тар пешбинӣ мешавад.

Вазъи миёнаи моҳонаи ҳаво дар  вилояти  Суғд нисбат ба моҳи ноябри соли 2020 гармтар пешгӯӣ мешавад.

Инчунин моҳи ноябр вазъи ҳаво дар ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ аз меъёр 1 дараҷа пасттар мешавад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 1-6 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорат  аз 12+17 дараҷа гармӣ то 6+11 дараҷа расида, охири моҳ пастшавии ҳарорат дар назар аст.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.  Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ба амал омадани борон ва барф дар назар аст.

Дар шарқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 8-11 дараҷа  хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Ҳаво шабона аз 12-17 то 20-25 дараҷа хунук, рӯзона аз 0+5 дараҷа гарм то 2-7 дараҷа хунук мешавад. Охири моҳи ноябр ҳарорати ҳаво паст шуда, шабона то 25-30 ва рӯзона то 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Акс аз бойгонии АМИТ  «Ховар»

Ноябрь 1, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд