Муовини Сарвазири Русия Алексей Оверчук ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин баргузории Конфронси 8-ум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия мебошад, ки пагоҳ, 30 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Интизор меравад, ки ҳайати Русияро муовини Сарвазири ин кишвар Алексей Оверчук роҳбарӣ хоҳад намуд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия аз созмондиҳандагони Конфронси ҳаштум оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон мебошанд. Тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистону Русия ҳадафи аслии ин конфронс арзёбӣ мегардад. Дар доираи конфронс дар мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории Русияву Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, логистика ва иқтисоди рақамӣ», «Минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон: ҷавонон ва ҷанбаҳои ҳамкорӣ» ва «Рушди ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон: роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба шаҳр» ҳамоишҳо баргузор мегарданд.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронс роҳҳои диверсификатсияи интиқоли мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини техникаи кишоварзии сохти Русия ва интиқоли он, тамоюли рушди саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ва имкони ширкати сармоягузорони рус дар он, таъсиси шабака ва марказҳои тақсимоти яклухт, ҳамгироии идоракунии рақамии давлатӣ ва мунисипалӣ, кооператсияи саноатӣ, эҷоди занҷирҳои кооператсия миёни корхонаҳои Русия ва Тоҷикистон, самтҳои ояндадори ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф, нақши донишгоҳҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳоро муҳокима кунанд.
Инчунин таҷрибаи Русия ва Тоҷикистон: иштироки ҷавонон дар рушди иҷтимоию фарҳангии шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон, имконияти нави рушди ҳамкории илмию таълимӣ, фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни шаҳру минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон, рақамикунонии иқтисоди шаҳрӣ дар соҳаҳои нақлиёт, маориф, манзил — хоҷагии коммуналӣ, ҳамкорӣ дар самти таҷдиди иқтисод ва таҳкими шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешаванд.
Дар доираи конфронс ба имзо расонидани санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатии минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






