Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо вазъи хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустии Суғд шинос шуд

Ноябрь 22, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ “Ховар”/.  Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба вилояти Суғд сафар намуда, аз вазъи феълии хизматрасонӣ дар якчанд муассисаҳои тандурустӣ дидан намуд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”.

Абдухолиқ Амирзода зимни сафари корӣ аз Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов дидан намуда, бо фаъолияти он шинос гардида, бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Мавсуф аснои суҳбат бо беморон иброз намуд, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро ба рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ равона сохтаанд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд низ сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардидааст.

Муовини вазир Абдухолиқ Амирзода бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур доир ба масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистон, таъмини муассиса бо гармӣ, маводи сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ, назорати беморон ва дигар масъалаҳо суҳбат намуда,  баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 22, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт