ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Ноябрь 17, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон ва барфи тар меборад, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар ғарби вилоят борон меборад. Дар шарқи вилоят бориши барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  0-5  дараҷа хунук , рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23  дараҷа  хунук, рӯзона 1-6 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7  дараҷа хунук,  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, рӯзона борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориш бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона  1+6  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон бошиддат борида, охири рӯз барфи тар ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад. Дар охири рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда то 1+3 дараҷа гармӣ мерасад.

Ноябрь 17, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад