ҲОДИСАИ ГИРИФТИ МОҲ ДАР СОЛИ 2021. Онро дар Тоҷикистон танҳо сокинони ВМКБ тамошо карда метавонанд

Ноябрь 19, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Тоҷикистонро мисли дигар маскунони Замин тӯлонитарин гирифти Моҳ дар нимҳазорсолаи охир интизор аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ.

«Рӯзи ҷумъа, 19 ноябри соли 2021 аз соати 11:03 то 17:04 бо вақти маҳаллӣ қисман гирифти Моҳ рух медиҳад. Ин тӯлонитарин қисман гирифтани Моҳ аз асри 15 ба ин ҷониб аст»,-гуфт директори Институти астрофизикаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова.

Мавсуф изҳор намуд, ки  қисман гирифти Моҳро дар шимолу ғарбии Аврупо, Америкаи Шимолӣ-Ҷанубӣ ва дар қисми зиёди Осиё мушоҳида кардан мумкин аст.

«Чунин ҳодисаро сокинони ин кишварҳо метавонанд пурра ё қисман бубинанд. Барои сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳ қисман зуҳур хоҳад кард. Асосан гирифти пурраро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муғулистон ва Япония мушоҳида кардан мумкин аст»,-иброз намуд олими тоҷик.

Ба иттилои Гулчеҳра Қаҳҳорова, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 11:03 то 17:04 бо вақти маҳаллӣ қисман гирифти Моҳ рух медиҳад. Қисми торикшавиро метавон «қариб пурра» номид, зеро Моҳ (0,97) ба сояи Замин ворид мегардад ва қисми зиёди диски Моҳ ранги сурхрангро мегирад.

«Дар он мамлакатҳое, ки гирифти пурра рух медиҳад, он аз соати 12:20 то 15:48 бо вақти маҳаллӣ 3 соату 28 дақиқа давом мекунад. Аммо ғуруби Моҳ дар шаҳри Душанбе соати 17:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ба амал меояд, ки аллакай дар ин вақт Моҳ аз қисми сояи Замин мебарояд. Аз ин сабаб дидани ин рӯйдоди табиӣ номумкин аст. Танҳо сокинони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон имкон доранд ним соат гирифти Моҳро дар қисми сояи ӯ мушоҳида намоянд»,-тазаккур дод директори Институти астрофизикаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Ноябрь 19, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд