Оид ба идоракунии зиддибуҳронӣ ва ҷустуҷӯи механизмҳои бартарафсозии он конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Ноябрь 25, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди босуботи иқтисодиёт ва истеҳсолоти миллӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ метавонад ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ, танзими бехатарии иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат намояд. Ин нуктаро имрӯз ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Идоракунии зиддибуҳронӣ: таҳлил, баррасӣ ва ҷустуҷӯи механизмҳои бартарафсозии он», ки дар Академияи идоракунии давлатӣ  баргузор шуд, баён дошт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ  хабар доданд, дар конференсия доираи васеи олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили мамлакат ва берун аз он, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки дар шароити муосир нақши идоракунии зиддибуҳронӣ барои устувор ва мукаммалгардонии соҳаҳои ҳаётан муҳим, махсусан, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва бахши соҳибкорӣ ниҳоят бузург арзёбӣ гардида, баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса касб намудааст.

Дар конференсия Ректори Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон, н.и.и. Алим Аннамуродов, профессори Донишгоҳи давлатии Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Фавзия Сайдахметова, профессори Донишгоҳи федералии шимолӣ (Архангелск) ба номи М.Ломоносов Владимир Мяшкин (онлайнӣ), намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори Маркази ҳамкории байни давлатҳои ИДМ, дотсент Баҳодур Саидамиров, директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Саид Ғоибназарзода сухан намуданд.

Зикр гардид, ки имконияти идоракунии зиддибуҳронӣ бо мақсади баромадан аз ҳолатҳои мураккаб, пеш аз ҳама аз фаъолияти  пурсамари инсон вобастагӣ дорад, ки метавонад роҳҳои беҳтарини баромадан аз ҳолатҳои буҳрониро ҷустуҷӯ ва интихоб намояд, таҷрибаи ҳазорсолаи гузаштаро барои бартараф кардани буҳрон истифода барад, ба ҳолатҳои мушкил мутобиқ гардад, барои баромадан аз ҳолатҳои хавфнок тайёр бошад.

Конференсия ду рӯз идома ёфта, дар бахшҳои он аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ маърӯзаҳо баррасӣ хоҳанд гардид.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Ноябрь 25, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд