Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар оғози маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки илму маърифат дар ҳама давру замон барои ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад.
«Бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори аввал озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷараён гирифт. Ҳадафи аслии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наварасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ба шумор меравад. Аз нигоҳи дигар, озмун яке аз муҳимтарин рукнҳои таблиғи «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ» мебошад»,- гуфт мавсуф.
Ҳамчунин Матлубахон Сатториён афзуд, ки «дарвоқеъ, тайи даҳсолаи охир мо эҳсос намуда истодаем, ки дар мамлакати азизамон барои боло бурдани тафаккури техникии ҷомеа, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» чеҳраҳои навро дар арсаи илму маориф ва навовариву ихтироъкорӣ кашф намуд ва баргузории он имсол рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад».
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» беш аз 320 нафар довталабон аз рӯи ҳафт номина иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Аз рӯи номинаи «Математика» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ғолибони ҷойи якум хонандаи литсейи Ҳотам ПВ шаҳри Ҳисор Рауфҷон Дадабоев, ҷойи дуюм- хонандаи литсейи Ҳотам ПВ шаҳри Ҳисор Дориуш Хайриддинов, хонандаи литсейи №1 шаҳри Душанбе Бурхвалӣ Қурбонов, ҷойи сеюм- хонандаи литсейи Ҳотам ПВ шаҳри Ҳисор Темур Усмонов ва хонандаи литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Бежан Гулов шуданд.
Дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якум насиби донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳикматулло Исматов гардида, ҷойи дуюм ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммадфирӯз Ҳасанов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷонибек Баротов, ҷойи сеюм ба донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ Шаҳзод Раҳмонов ва Файзулло Исматов дода шуд.
Дар номинаи «Физика ва астрофизика» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷойи аввал ба хонандаи литсей- интернати Ҳотам ва ПВ шаҳри Ҳисор Муҳаммадхуҷа Камолиддинзода дода шуд. Ҷойи дуюм насиби хонандаи гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара Илҳом Сафаров, хонандаи литсей интернати Ҳотам ва ПВ шаҳри Ҳисор Абдураҳмон Абдуҳамидов, ҷойи сеюм ба хонандаи литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Исфара Дамириддин Амонов ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 Анаҳито Шарипова дода шуд.
Аз рӯи ҳамин номина байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи аввал ба донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Бежан Ниёзов, ҷойи дуюм ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Ҷобири Қурбоналӣ, донишҷӯи Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анушервон Олимов дода шуда, ҷойи сеюм насиби донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимии шаҳри Душанбе Абдулҳафиз Ғофилов ва донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамшеди Рустам гардид.
Дар номинаи «Биология» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷойи аввал ба хонандаи литсейи №1 шаҳри Исфара Маҳмадалӣ Ҷӯраев, ҷойи дуюм ба хонандаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63 шаҳри Душанбе Лайло Шокирова, хонандаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 шаҳри Душанбе Ситора Расулова, ҷойи сеюм ба хонандаи литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Назира Акрамзода ва хонандаи мактаби Президентии шаҳри Ҳисор Таҳмина Ёрова насиб гардид.
Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ғолиби ҷойи аввал донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Нуриддин Садриддинов гардида, ҷойи дуюм насиби донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҷунайдулло Дӯстов, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Абдурауф Салимов ва ҷойи сеюм ба донишҷӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Диловар Нуров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Орифҷон Азизов дода шуд.
Аз рӯи номинаи «Химия» ҷойи аввал миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 шаҳри Душанбе Заррина Шарипова тақдим шуд. Ғолибони ҷойи дуюм хонандаи мактаби Президентии ноҳияи Бӯстон Субҳиддин Машарипов, хонандаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Амирҷон Бойматов ва ҷойи сеюм хонандаи литсейи «Ориён» шаҳри Бохтар Нурмуҳаммад Тошов, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 шаҳри Душанбе Арасту Турсунзода гардиданд.
Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зинаи аввал ба донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Бобохонов тақдим шуда, зинаи дуюм насиби донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ Нигора Ноибова, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбоналӣ Комилов гардид. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббӣ Фирдавси Фаррух ва Рамазон Зиёев ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Аз рӯи номинаи «География» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 шаҳри Душанбе Нигора Назарова ҷойи якумро соҳиб шуда, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 шаҳри Душанбе Рухсора Нуриддинова, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Олимҷон Рӯзиев ҷойи дуюм ва хонандаи литсейи №3 шаҳри Душанбе Бежан Тошев, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳияи Спитамен Азизҷон Додохӯҷаев ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Аз ҳамин номина донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Ҳаёт Саймақсудӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷойи якум қарор гирифта, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бисирҷон Нуров ва донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Исоев ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Ғолиби ҷои сеюм донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ Шаҳбоз Ашӯров ва Сулаймон Обидҷонзода шуданд.
Дар номинаи «Технологияи иттилоотӣ» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ғолибият насиби хонандагони литсей- интернати Ҳотам ва ПВ шаҳри Ҳисор гардид. Ҳамин тавр, ҷойи якум ба Шаҳром Аминов, ҷойи дуюм ба Ворис Раҳимов ва Иброҳим Муҳаммадов, ҷойи сеюм ба Ҷаҳонгир Шарипов ва Илёс Қаландарзода дода шуд.
Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Некрӯз Раҳимов сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҷойи дуюм ба Хусрав Ашурзода, Нозимҷон Сафаров донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон дода шуд. Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Шамсиддин Саидов ва донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон Таҳмурас Абдурашидов ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Аз рӯи номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» хонандаи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» -и шаҳри Хуҷанд Иқболхӯҷа Темирхоҷаев ҷойи якум, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 шаҳри Панҷакент Дилшодҷон Ойматов, хонандаи литсейи №2 шаҳри Душанбе Комрон Шеъроӣ ҷойи дуюм ва хонандаи литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе Маҳмуд Ризоев, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ноҳияи Шуғнон Моҷабин Давлатқадамова ҷойи сеюмро миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гирифтанд.
Дар ҳамин номина ҷойи аввалро донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Зафар Воҳидов ишғол намуд. Ҷойи дуюм ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббӣ Қиёмиддин Миров ва донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон Азизхон Муртазов тақдим гардид. Ғолиби ҷойи сеюм донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Амирҷон Мирзозода ва донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Шокаримов шуданд.
Ҳамчунин аз рӯи номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» дар байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯи ихтисос, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷойи аввалро академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иззатулло Ғаниев гирифт. Ҷойи дуюмро устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Умаралӣ Раҷабов ва устоди Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон Ҳаётқул Раҳимов ишгол намуданд. Ҷойи сеюм насиби устоди Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон Абдурашид Қодиров ва устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Хуршед Худойбердиев шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шуда, ҳамасола баргузор карда мешавад.
Ба ғолибони ҷойҳои якум 35 000, ҷойҳои дуюм 25 000 ва ҷойҳои сеюм 15 000 тақдим карда шуд.
Иштирокчиёни ҷойҳои 4,5,6-и даври ҷумҳуриявӣ, яъне чоруми озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Холисаи АСОМИДДИН,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»