Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард

Июнь 20, 2026 13:38

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва мероси ғании халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид ҳайати меҳмононро муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ҳамроҳӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Меҳмонон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои муҳими мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷиконро тамошо карданд.

Ҳамчунин ба меҳмонон оид ба марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Баъди тамошои осорхона Ираклий Кобахидзе аз сатҳи баланди ташкилу баргузории намоишгоҳҳо, муҳтавои ғанӣ ва тарҳу пешниҳоди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» навишт.

Ёдовар мешавем, ки 19-20 июни соли 2026 сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

19 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе баргузор гардид.

Дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон 11 санади дуҷониба ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро таҳким мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2026 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид