Раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард

Июнь 16, 2026 10:44

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони «Файсал Холдинг» шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва мероси ғании халқи тоҷик шинос шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни сайри осорхонавӣ меҳмонон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои муҳими мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷиконро тамошо карданд.

Ҳамчунин ба меҳмонон оид ба марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Баъди тамошои осорхона шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ аз сатҳи баланди ташкилу баргузории намоишгоҳҳо, муҳтавои ғанӣ ва тарҳу пешниҳоди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» навишт.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 16, 2026 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид