Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Бобоҷон Ғафуров доир мегардад
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 ва 21 июн дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 20 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Панҷакент, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз ноҳияи Кӯшониён ва дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара баргузор мешаванд.
Ҳамчунин 21 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҳамадонӣ ва дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад.
Дар ин рӯз кишоварзону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсули дасти худро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд. Санъаткорон бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ ба ин чорабинӣ фазои идона мебахшанд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз шуруъ аз 6 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида истодаанд.
Ин чорабинии фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.
Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






