Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ дар Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Муғулистон Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё баргузор гардид, ки дар он ҳайати Осорхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё таҳти сарпарастии Президенти Муғулистон доир шуда, он намояндагони осорхонаҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва созмонҳои фарҳангиро аз давлатҳои гуногуни Авруосиё ба ҳам овард.
Баъд аз маросими ифтитоҳи форум коршиносон ва роҳбарони муассисаҳои бонуфузи фарҳангӣ дар мавзуи «Ҳамкории байналмилалии Осорхонаи миллии Муғулистон: имкониятҳо ва натиҷаҳо», «Санъати Осиё дар осорхонаи асри XXI», «Рушди илмҳои консерватсионӣ барои ҳифзи мероси фарҳангӣ» ва ғайраҳо маъруза намуданд.
Дар кори форум директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар бахши «Мубодилаи бузурги фарҳангӣ: ҳамкорӣ ва имкониятҳои нав» дар мавзуи «Ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ ва робитаҳои хориҷии Осорхонаи миллии Тоҷикистон» маъруза кард.
Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё то 19 июн идома ёфта, баргузории ҷаласаҳои илмӣ, мубоҳисаҳои касбӣ, мулоқотҳои дуҷониба ва сафарҳои фарҳангиро дар бар мегирад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






