ПАРЧАМИ ПИРӮЗИИ МАН, ПАРЧАМИ АРМОНИ МАН! Парчами давлатии Тоҷикистон бо дурахши осмонияш оламиёнро ба сулҳу дӯстиву ҳамзистии осоишта ва сарфарозиҳо даъват менамояд

Ноябрь 24, 2021 08:24

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хушбахтона, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконият дод, ки тоҷикон чун мардуми соҳибтамаддун ва куҳанбунёд дар даврони нави таърихӣ, бо истифода аз озодиву истиқлолияти миллӣ муқаддасоти миллии худро ҷилову намои тоза бахшида, бо ифтихор болои  сар бардоранд. Дар қатори муқаддасоти миллии тоҷикон дар даврони нави эҳё аз ҷониби мардум, шояд бештар аз ҳама, Парчами миллии ин халқи соҳибтамаддун муҷаллотару болотар парафшон гардид. Ин арҷгузории баланд ва самимона ба Парчами миллӣ аз ҷониби халқи тоҷик беҳуда нест. Ва боз ҳам хушбахтона, мо мебинем, ки имрӯз дар сафи пеши парчамбардони миллати мо бештар наврасону ҷавонон қадам мезананд. Ин худ гувоҳи он аст, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ дар хуни мардуми мо ҷой гардидаву бо гузашти  асрҳо ва  ҳатто дар рӯзгорони таҳмили сиёсатҳои бегонагон дар ин сарзамин маҳфузу поянда мондааст.

Ин аст, ки имрӯз арҷгузории баланди Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, миллати шариф ва  соҳибтамаддуни тоҷик ба Парчами миллии худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ беҳуда нест. Ва хосса вуҷуд доштани Рӯзи Парчами давлатӣ ва иди Парчам дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо гувоҳи ин гуфтаҳост.

Чунин андеша меронад Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар робита ба ин ҷашни давлатӣ.

Дар зер андешаҳои пурраи шоир манзур мешаванд.

 -Банда мехоҳам дар мавриди махсусият ва вижагиҳои дурахшони Парчами давлатиамон андеша ронам ва онҳоро пайи ҳам ном бубарам, ки донистанашон, хусусан барои наврасону ҷавонон беманфиат нахоҳад буд. Аввалан ин ки парчами ҳар кишвар симои он давлат, симои мардуми онро ифода мекунад, онро мебинанду мешиносанд, ки парчами фалон кишвар аст. Дар рангҳои он ҳадафҳои миллӣ ва табъу табиати он сарзамин ва  халқи он ҷилвагар мешаванд.

Аввалин махсусияти Парчами тоҷикон он аст, ки пеш аз ҳама, рамзи ифтихори баланди халқи мо буда, дар паси ин ифтихор таърихи воқеан ифтихоромезу пандомез ва гарону пурҳикматест, ки ба он шукӯҳ мебахшад.

Дуюмин махсусияти Парчами тоҷикон хеле қадимӣ будани он аст. Бале, парчами мо яке аз куҳантарин парчамҳои инсоният аст ва ин ифтихоре бар он зам мекунад, ки миллати мо аз аввалин парчамдорони  таърихи башарият будааст. Яъне ҳанӯз дар замони Фаридун, ки ҳазоронсолаҳои пешро фаро мегирад, парчами нахустини халқи мо бо дастони Коваи оҳангар боло гардида, ба Парчами давлати бузурги сарзамини Ориёно бадал гардидааст ва ҳамеша бо ифтихор дар осмони таърих ва дар авҷи пирӯзиҳои миллии ин халқи тамаддунпарвар чун рамзи давлату давлатдорӣ парфишон будааст.

Сеюмин махсусият ва хуҷастагии Парчами давлатии тоҷикон ин аст, ки он аз соатҳои нахустини пайдоишаш парчами мардумист. Онро намояндаи одии мардум Коваи оҳангар аз пешбанди чармини худ бунёд сохт ва боло бардоштаву  мардуми додхоҳро аз паси худ бурд. Ва ин манзараро Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш чунин ба қалам додааст:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд  ҳангоми захми дарой,
Ҳамон  Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Махсусият ва хуҷастагии чаҳоруми Парчами давлатии тоҷикон дар он ифода меёбад, ки он нишони доди мардум буда, дар талоши  адлу инсоф боло шудааст.  Ин парчам ба нишони эътироз аз бедодиҳо ва ҷабру зулми Заҳҳоки морон мардумро ҷамъ карда, ба сӯи Фаридун бурд, то додраси мардум бошаду тахту тоҷи мардуми ориёниро аз Заҳҳоки морон пок гардонаду адлу инсофро ба сари минбари шоҳаншошӣ биншонад.

Пас ба махсусияти боло метавон зам кард, ки Парчами нахустини тоҷикон парчам алайҳи беадолативу ҷабру зулм аст. Яъне ин парчам аз рӯзи нахустини пайдоиши худ парчами некиву хайрхоҳӣ буда, чун ливои мубориза дар роҳи ҳақ  ҳадафҳои волои инсониятро пайгирӣ кардааст.

Чун парчами ҳар халқ умеду армонҳои он миллатро ифода мекунад, парчами халқи некманиши тоҷик, ки бо гуфтору кирдору пиндори нек ном баровардаву сиришти хайрхоҳона дорад, пеш аз ҳама, парчами некӣ, парчами сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ низ маҳсуб мешавад.

Ва оқибат бояд гуфт, ки Парчами давлатии мо рамз аст, рамзест, ки ҳадафҳои баланду неки миллат ва кишвари моро ифода мекунад; рамзи давлатдорӣ, рамзи ватандӯстӣ,  рамзи инсонигарӣ, озодию ободӣ ва созандагиҳое, ки имрӯзҳо саросари кишвари моро фаро гирифтаанду  дар зери ин Парчами парафшони миллӣ амалӣ мегарданд.

Парчами давлатии мо ҳамон ливои ковиёниест, ки ҳазоронсолаҳо аз ҷониби халқи мо ҳифз гашт. Агарчи борҳо ин сарзамин аз ҷониби душманони аҷнабӣ ба хуни халқи шуҷоъу шарифи мо омехта гардид, ин Парчами муқаддас, ин ливои шаъну шарафи тоҷикон маҳфуз монд, зеро он дар шараёнҳои хуни халқи мо, дар ҷону виҷдону  имони мо ҳифз мешуд.

Имрӯз мо бо эҳёи тозаи сарзаминамон, бо эҳёи дубораи Парчами давлатии худ ифтихор намудаву  сарфарозӣ мекунем. Маҳз дар ҳамин Парчами миллии мо шараф, нангу номус, обрӯву ифтихор, иродаву матонат ва ҳама хуҷастагиҳои дигари халқамон, ҳама муқаддасоти дигари миллиамон чун рамз таҷассуми дурахшон доранд.

Парчами миллии мо ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориву ватанпарварӣ ва ягонагиву ҳамдигарфаҳмиро дар вуҷуди мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати ватанро дар сириштамон фурӯзон месозад.

Имрӯз дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони шукуфону ободи мо Парчами миллӣ дар баландтарин авҷҳои ифтихору ватандорӣ парфишон аст. Парчаме,  ки моро ба ваҳдату ягонагӣ мехонад, парчаме, ки моро аз тамоми гӯшаҳо ба гирди худ ҷамъ меоварад. Ин Парчам иҷозат намедиҳад, ки  мо аз ҳам ҷудову пароканда бошем, зеро он рамзи ватадорӣ, балки муқаддастарин муқаддасоти миллии мост.

Мо бисёрем, аммо парчами мо бо ҳама нусхаҳо ягонаву яктост ва моро дар гирдогирди худ ҷамъ меорад, ба ягонагӣ дар канори худ мехонад. Ва дар он меҳру муҳаббат, шарафу  ҷавонмардиҳои миллати покизасиришти  мо ҷилвагар аст.

Ин парчам бо ҳузури зебо, ҳузури муборак   ва вуҷуди бегазанди  худ моро огаҳӣ медиҳад, ки барои дифои Ватанамон ҳамеша бо ҳама вуҷуд омода бошем. Намегузорад, ки мо лаҳзае бе масъулият бошем, фориғбол гардем, намегузорад шарафи ватанамонро аз ёд бубарем. Ана барои ҳамин ин Парчам ҳамеша болост, аз ҳама ҷо падидор аст, то мо ҳамеша онро бубинему шарафи Ватанро аз ёд набарорем ва ба ҳифзаш бо дилу ҷон омода бошем.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами кишвари тоҷикон ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ, дӯстиву бародарӣ буда, бо сиёсати дарҳои бози худ оғӯши дӯстиву муҳаббат ба оламиён кушодаанд, то бошад, ки сайёраи Замини мо хонаи бахту иқболи инсонҳои рӯи замин бошад.  Яъне ки Парчами давлатии мо бо дурахши осмонии худ оламиёнро низ ба сулҳу дӯстиву ҳамзистии осоишта ва тинҷиву амониву сарфарозиҳо даъват менамояд.

Рангҳои сурху сафеду сабзи парчами мо рангҳои ишқу умеду шукуфоиянд, рангҳои нишоту  некиву ҳимматанд,  он рангҳои дурахшони зиндагиянд, ки аз онҳо мешавад ҳама рангҳои дигарро бунёд ниҳод.

Парчами давлатии мо нишонаи муҳаббати мо ба башар, ба инсоният аст; ишора ва даъватест  ба осоиштагӣ ва амонии тамоми сайёра.

Парчами давлатии мо нишони рӯҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз асрҳо, обу оташи маргбори замонаҳо, овардҳои хунини замонаҳо гузаштаву  пойдор мондааст.

Муборак бод Рӯзи Парчами давлатии тоҷикон, Парчами адлу дод, Парчами некӣ ва наҷот, Парчами  сулҳу осоиш! Парафшону бегазанд бод ин ливои меҳру муҳаббат, ин ливои хайрхоҳиву башардӯстӣ, ин ливои ватандории тоҷикони некманиш!

Ва инак шеъре аз силсилашеърҳои ба Парчами давлатӣ бахшида тақдими азизон мешавад.

ПАРЧАМИ ИХЛОС

Эй тулӯи оҳарини ҳастии хушранги ман!

Эй матои бегазанди рӯзгори шанги ман!

Эй фаридунӣ ливои ифтихори тоҷикон!

Ковиёнӣ парчами ихлосу ори тоҷикон!

Эй ки дар рӯи ту рӯи бахти мо шуд ҷилвагар!

Дар фарозат тоҷи мо шуд, тахти мо шуд ҷилвагар!

Парфишон андар ҳавои сулҳу истиқлол бош!

Бар тани симурғии уммеди мо шаҳбол бош!

То ки ҳар субҳат бубинам,  сар ба боло мебарам,

Сабаландии туро бо сад таманно мебарам.

Эй танида аз матои сад ҳазорон ҷисму ҷон!

Эй фурӯғи ашку хуну ҳикмати озодагон!

Бо  ҳазоронсола таърих аз пасат саф мекашем!

Мо туро чун ганҷи ҷони хеш дар каф мекашем!

Эй ҳама ихлосу бовар, эй ҳама анвори фар!

Дар фарози поки Меҳан бош умре ҷилвагар!

Ман ки бо номи ту бо сад ифтихоре зистам,

Дар дифоят гар набошам лаҳзае, пас кистам?!

Родмардиро намои асрҳоӣ дар Ватан!

Парчами пирӯзии ман, парчами армони ман!

Кош бошӣ ҳар нафас дар ҷисму ҷонам парфишон!

То барам бо худ туро то зиндаам чун армуғон!

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2021 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР СЕ ДАҚИҚА ДАР БОРАИ СӢ СОЛ. Телевизиони марказии Чин навореро дар бораи ҳамкории Чин ва Тоҷикистон намоиш дод
РОҲИ ДУШАНБЕ-ЧАНОК КУШОДА ШУД. Роҳ пас аз фаромадани 17 тарма тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар ду самт оғоз гардид
ШУМОРАИ НАВБАТИИ БЮЛЛЕТЕН «ОИД БА ТАДБИРҲОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ» НАШР ШУД. Бахши вобаста ба Тоҷикистон аз маводи нашркардаи АМИТ «Ховар» иборат аст
АҚЛИ РАСО ВА ДИДАИ БИНО. Омилҳое, ки барои дарки мазмуну моҳияти Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат заруранд
СОЛИ 2022 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи дигаргуниҳо дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон
Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар арафаи Соли нави мелодӣ ба сарбозону афсарон ва оилаҳои ниёзманд кумаки моддӣ расонид
ДАР ТОҶИКИСТОН СУРЪАТИ ЭМГУЗАРОНӢ АЗ КОВИД-19-РО АФЗОИШ МЕДИҲАНД. Вале иҷрои нақша дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар сатҳи паст қарор дорад
Рустам Ҳайдаров: Паёми Президенти Тоҷикистон дар шароити мураккаби геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳуҷҷати роҳнамост
Зубайдулло Давлатов, коршиноси масоили сиёсӣ: Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири як пешниҳод, як нақшаи чорабиниҳо, як барнома, ду стратегия, ду консепсия ва даҳ супориш аст
Ба Тоҷикистон боз 2 миллиону 962 ҳазору 800 воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ оид ба рушди малакаи касбии ҷавонон ва пешбурди инноватсия дар Тоҷикистон лоиҳаи нав оғоз менамояд
Имшаб ба Тоҷикистон 2 миллиону 900 ҳазор воя ваксинаи «КоронаВак» ворид мегардад