Рустам Ҷабборов барои таҳия ва эҷоди филмномаи «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр вобаста ба таҳия ва эҷоди барномаи филми ҳунарии таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ» сенариянависи Ҷумҳурии Узбекистон Рустам Ҷабборов ба шаҳри Душанбе омад. Имрӯз мавсуф дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо роҳбарияти он, аҳли эҷод ва олимону донишмандони мамлакат мулоқот анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои марбут ба эҷоди филмномаи «Ҷомӣ ва Навоӣ» баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба МД «Тоҷикфилм».
То ба имрӯз миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Узбекистон доир ба таҳия ва эҷоди ин филмномаи таърихӣ се маротиба вохӯриҳои маҷозӣ баргузор гардиданд, ки зимни онҳо доир ба зарурат, аҳамият, хусусияти вижа ва ғояи асосии филм табодули афкор сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аҳли эҷоди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз 10 то 15 сентябри соли 2021 барои аз наздик дидор намудан ва амиқ мавриди баррасию омӯзиш қарор додани масъалаи эҷоди сенарияи филми ҳунарии таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда буд.
Ғояи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» бояд пеш аз ҳама, бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, инчунин таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих бошад.
АКС аз МД «Тоҷикфилм»










Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






