Рустам Ҷабборов барои таҳия ва эҷоди филмномаи «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба Душанбе омад

Ноябрь 9, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр вобаста ба таҳия ва эҷоди барномаи филми ҳунарии таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ» сенариянависи Ҷумҳурии Узбекистон Рустам Ҷабборов ба шаҳри Душанбе омад. Имрӯз мавсуф дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо роҳбарияти он, аҳли эҷод ва олимону донишмандони мамлакат мулоқот анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои марбут ба эҷоди филмномаи «Ҷомӣ ва Навоӣ»  баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба МД «Тоҷикфилм».

То ба имрӯз миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Узбекистон доир ба таҳия ва эҷоди ин филмномаи таърихӣ се маротиба вохӯриҳои маҷозӣ баргузор гардиданд, ки зимни онҳо доир ба зарурат, аҳамият, хусусияти вижа ва ғояи асосии филм табодули афкор сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аҳли эҷоди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз 10 то 15 сентябри соли 2021 барои аз наздик дидор намудан ва амиқ мавриди баррасию омӯзиш қарор додани масъалаи эҷоди сенарияи филми ҳунарии таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда буд.

Ғояи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» бояд пеш аз ҳама, бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, инчунин таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих бошад.

АКС аз МД «Тоҷикфилм»

Ноябрь 9, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад