«Соро компания» ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 гардид

Ноябрь 1, 2021 15:44

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  футзали «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 гардид. Дастаи  мазкур  маротибаи сеюм унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор шуд. «Соро компания» қаблан солҳои 2018 ва 2019 сазовори медалҳои тилло шуда буд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.       

Дастаи   футзали  «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе дар бозии панҷуми даври финалӣ бар дастаи   «Сипар»-и  шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи  ғолибро Файзалӣ Сардоров ва Пайрав Воҳидов ба нишон расониданд.

Медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 насиби футболбозони «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи  «Пойтахт»  гардид.

                                                                               АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2021 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии дӯстона дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Чаҳор довар аз Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) ҳакамӣ менамоянд
ФУТБОЛ. Дастаи «Регар-ТадАЗ» ҳайаташро бо собиқ бозингарони бошгоҳҳои «Мартиму» ва «Брага»-и Португалия пурқувват намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол пеш аз мусобиқа дар Давҳа ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад