Sputnik: Москва норасоии муҳоҷиронро арзёбӣ кард. Бинокорони тоҷик қариб нестанд
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Москва нақшаи пурра даст кашидан аз муҳоҷирон дар сохтмонҳоро омода хоҳанд кард, аммо ҳоло онҳо камбуди захираҳои корӣ дар ин майдонҳоро 40% арзёбӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории русии «Спутник» бо истинод ба РБК.
Ноиби мири Москва Андрей Бочкарев иброз намуд, ки дар пойтахти Русия коргарон ва муҳандисон дар сохтмонҳо намерасанд, менависад РБК.
Ба гуфтаи вай, дар сохтмонҳои Москва тақрибан 80 ҳазор нафар намерасанд ва чунин норасоии захираҳои корӣ 40% ҳисоб шудааст.
Бочкарев бар ин назар аст, ки ин пеш аз ҳама, ба суръати баланди сохтмон дар чаҳорчӯби барномаи навсозӣ дар минтақа марбут аст.
Ба гуфтаи муовини мири шаҳр, бисёр муҳоҷироне, ки дар Москва кор мекарданд, дар давраи пандемия рафтанд — аз 120 ҳазор нафар танҳо 40 ҳазор нафар боқӣ мондаанд. Ҳайати миллии коргарон низ тағйир ёфтааст.
Агар қаблан муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон фаъолона ворид мешуданд, ҳоло онҳо асосан аз Узбекистон ва Қирғизистон мебошанд. Дар баробари ин дар сохтмонҳо сокинони ноҳияҳои назди Москва бештаранд. Бочкарев ҳамчунин тавзеҳ дод, ки маоши миёнаи як муҳоҷир дар сохтмон аз 30 ҳазор рубл ба 50-60 ҳазор рубл расидааст.
«Аммо бисёриҳо аллакай барои 80 ҳазор низ кор кардан намехоҳанд», — афзуд муовини раиси шаҳр. Дар ҳамин ҳол, ӯ гуфт, ки мақомоти пойтахт тарҳи рафъи буҳрони кадрӣ дар сохтмонҳоро омода мекунад, ки он даст кашидан аз истифодаи неруи кории муҳоҷиронро низ дар бар мегирад.
Ба андешаи ӯ, худи ҷараёни сохтмон бояд се баробар кам одам талаб кунад ва маоши коргарон ду-се баробар бояд зиёд бошад.
АКС: news.myseldon.com








Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






