СУТ: дар ҷаҳон теъдоди гирифторони COVID-19 аз 252 миллион нафар гузашт

Ноябрь 12, 2021 12:48

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди умумии гирифторони бемории COVID-19 дар ҷаҳон беш аз 252 миллион нафарро ташкил додааст. Дар ин бора хабаргузории АМИТ «Ховар» бо истинод  ба  Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ медиҳад.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз, 12 ноябр, шумораи умумии гирифторони бемории COVID-19 дар як шабонарӯз 508 688 нафар афзуда, 252 652 148 нафарро ташкил додааст.

Тибқи гузоришҳо, шумораи умумии фавтидагон аз ин беморӣ 6 911 нафар афзуда, ба 5 095 683 нафар расидааст.

Омори СУТ танҳо маълумоти аз ҷониби давлатҳо расман тасдиқшударо дар бораи шахсони сироятшуда ва фавтида  ба инобат мегирад. 5 август шумораи сироятёфтагон аз  200 миллион нафар, 18 октябр аз 240 миллион нафар ва 8 ноябр аз ҳадди 250 миллион убур кард.

Аксари ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят, ки маълумот дар бораи он ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расидааст, дар Иёлоти Муттаҳида ба қайд гирифта шудааст — 47 693 516. Пасон Ҳиндустон (34 414 186) ва Бразилия (21 926 526) ҷойгиранд. Шумораи фавтидагон аз ҳама бештар дар ИМА – 780 775 нафар буда, дар ҷои дуюм Бразилия (610 323) ва дар ҷои сеюм – Ҳиндустон (462 690) мебошанд.

АКС: © Vachira Kalong/Keystone Press Agency globallookpress.com

Ноябрь 12, 2021 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»