ТАСС: Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Русия пешниҳод намудааст, ки китобҳои дарсии забони русиро ба мактабҳо мутобиқ созад
ДУШАНБЕ, 11.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ба ҳамкорони рус пешниҳод кардааст, ки барои таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ барои мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд. Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, дар ин бора дар ҷараёни мизи мудаввар таҳти унвони “Вазъият ва дурнамои ҳамкории башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия: маориф, илм, фарҳанг”, ки дирӯз, 10 ноябр тавассути видеоконфронс дар чаҳорчӯби Анҷумани ҳафтуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд, пешниҳод манзур шудааст.
«Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки масъалаҳои дастрасии китобхонаҳои электронии мактабҳои Федератсияи Русия, инчунин дастрас намудани намунаҳои электронии китобҳои дарсӣ ба забони русӣ барои мутобиқсозӣ ва нашри минбаъдаи онҳо дар ҷумҳурӣ баррасӣ шаванд», — гуфт Саломиён.
Вай афзуд, ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки як гурӯҳи кории дуҷониба оид ба мутобиқсозӣ ва таҳияи силсилаи маҷмӯаҳои таълимию методии забони русӣ барои низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Муовини вазир тавзеҳ дод, ки дар Тоҷикистон 38 мактаби русӣ фаъолият мекунанд, 173 мактаб синфҳои русӣ доранд, барои онҳо китобҳо нашр шудаанд, ки аз ҷониби русшиносони маъруф, муаллифони Донишгоҳи Санкт-Петербург омода шудаанд ва курсҳои такмили ихтисос барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси муаллимони забон ва адабиёти рус гузаронда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати маориф ва илм таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ миёни донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон ва Русияро ба мақсад мувофиқ медонад, ки метавонанд барои роҳандозии сатҳи баландтари муносибатҳо миёни кафедраҳои тахассусӣ замина фароҳам оваранд.
«Мо изҳори омодагии худро барои таҳияи барномаҳои дудипломӣ дар соҳаҳои педагогӣ изҳор менамоем», — хулоса кард муовини аввали вазир.
Дар ҳамин ҳол Саломиён таъкид намуд, ки низоми маорифи Тоҷикистон дар ҳолати ислоҳот қарор дорад. Мавсуф мушкилоти асосии системаи маорифро дар саросари ИДМ, ки дар натиҷаи равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз қабили рушди технологияҳо, навоварӣ дар бархӯрдҳо ба раванди таълим ва равиши бисёрзинагӣ дар таълим ба вуҷуд омадаанд, зикр намуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






