ТАВАҶҶУҲ! Сармутахассиси ИМА оид ба бемориҳои сироятӣ реваксинатсияро боэътимодтарин муҳофизат аз «омикрон» медонад. Қаблан зарурати реваксинатсияро профессори тоҷик низ таъкид карда буд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сармутахассиси бемориҳои сироятии ИМА Энтони Фаучи ба президент Ҷо Байден гуфт, ки реваксинатсия боэътимодтарин муҳофизатро аз штамми наву хавфноки коронавирус омикрон таъмин хоҳад кард. Ба ақидаи ӯ, барои дарёфти маълумоти дақиқ дар бораи сироят, вазнинӣ ва дигар хусусияти намуди нави COVID-19 тақрибан ду ҳафта зарур аст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба рӯзномаи «Коммерсантъ».
«Ӯ (Фаучи. — АМИТ Ховар) боварӣ дорад, ки ваксинаҳои мавҷуда эҳтимол то андозае аз ҳолатҳои вазнини COVID муҳофизат мекунанд. Фаучи инчунин тасдиқ кард, ки эмкунии бустерии (ваксинатсияи такрорӣ ё реваксинатсия) одамони пурра ваксинашуда муҳофизати боэътимодро аз COVID таъмин мекунад»- гуфта мешавад дар изҳороти Қасри сафед пас аз мулоқоти президент бо гурӯҳи ҳукуматӣ оид ба мубориза бар зидди коронавирус.
Коршиносони Қасри сафед ба ҳама калонсолони ваксинашуда тавсия доданд, ки “ҳарчӣ зудтар як маротибаи дигар эм карда шаванд”.
Онҳое, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, «бояд фавран эм карда шаванд». Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онҳое, ки шаш моҳ пештар аз Pfizer ва Moderna ва бештар аз як ё ду моҳ пеш аз Johnson & Johnson ваксина гирифтаанд, метавонанд дубора ваксина гиранд.
Ҷо Байден имрӯз, 29 ноябр, дар бораи вазъ бо штамми омикрон ва чораҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус изҳори назар мекунад. Дар Иёлоти Муттаҳида то ҳол аз намуди нави COVID-19 ягон сироят ба қайд гирифта нашудааст.
СҶТ ба штамми омикрон мақоми “омили боиси нигаронӣ”-ро додааст. Коршиносон бар онанд, ки вай нисбат ба дигар бемориҳо сирояткунандатар аст. Ин вирус бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ пайдо шудааст. Ҳоло вирус дар Аврупо паҳн мешавад ва дар Канада ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар Тоҷикистон ва дигар кимшварҳои узви ИДМ вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов ба АМИТ «Ховар» гуфта буд, ки шаҳрвандони мамлакат бояд ҳар шаш моҳ як маротиба аз эмгузаронии такрорӣ гузаранд. Ба гуфтаи ӯ, дар афроде, ки ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ба таври табиӣ масунияти баланд пайдо мешавад. Ва ин масуният қобилияти то 6 моҳ муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ба ин шахс бояд ваксинаи нав гузаронида шавад.
Профессор Сатторов чунин мешуморад, ки ба далели вазъи муташанниҷи густариши ин вирус дар кишварҳои хориҷӣ ва мизони баланди бемории COVID-19 эҳтимоли аз хориҷа ба Тоҷикистон гузаштани ин беморӣ вуҷуд дорад. «Аз ин лиҳоз, мақсаднок мебуд, агар аҳолии мо «вояи бустер» мегирифт, яъне то ба охир расидани пандемия ҳар шаш моҳ такроран эм карда мешуданд», — гуфт ӯ.
АКС: Reuters








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






