ТАВАҶҶУҲ! Сармутахассиси ИМА оид ба бемориҳои сироятӣ реваксинатсияро боэътимодтарин муҳофизат аз «омикрон» медонад. Қаблан зарурати реваксинатсияро профессори тоҷик низ таъкид карда буд

Ноябрь 29, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сармутахассиси бемориҳои сироятии ИМА Энтони Фаучи ба президент Ҷо Байден гуфт, ки реваксинатсия боэътимодтарин муҳофизатро аз штамми наву хавфноки  коронавирус омикрон таъмин хоҳад кард. Ба ақидаи ӯ, барои дарёфти маълумоти дақиқ дар бораи сироят, вазнинӣ ва дигар хусусияти намуди нави COVID-19 тақрибан ду ҳафта зарур аст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба рӯзномаи «Коммерсантъ».

«Ӯ (Фаучи. — АМИТ Ховар) боварӣ дорад, ки ваксинаҳои мавҷуда эҳтимол то андозае аз ҳолатҳои вазнини COVID муҳофизат мекунанд. Фаучи инчунин тасдиқ кард, ки эмкунии бустерии (ваксинатсияи такрорӣ ё реваксинатсия) одамони пурра ваксинашуда муҳофизати боэътимодро аз COVID таъмин мекунад»- гуфта мешавад дар изҳороти Қасри сафед пас аз мулоқоти президент бо гурӯҳи ҳукуматӣ оид ба мубориза бар зидди коронавирус.

Коршиносони Қасри сафед ба ҳама калонсолони ваксинашуда тавсия доданд, ки “ҳарчӣ зудтар як маротибаи дигар эм карда шаванд”.

Онҳое, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, «бояд ​​фавран эм карда шаванд». Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онҳое, ки шаш моҳ пештар аз Pfizer ва Moderna ва бештар аз як ё ду моҳ пеш аз Johnson & Johnson ваксина гирифтаанд,  метавонанд  дубора ваксина  гиранд.

Ҷо Байден имрӯз, 29 ноябр, дар бораи вазъ бо штамми омикрон ва чораҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус изҳори назар мекунад. Дар Иёлоти Муттаҳида то ҳол аз намуди нави COVID-19 ягон сироят ба қайд гирифта нашудааст.

СҶТ ба штамми омикрон мақоми “омили боиси нигаронӣ”-ро додааст. Коршиносон бар онанд, ки вай нисбат ба дигар бемориҳо сирояткунандатар аст.  Ин вирус  бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ  пайдо шудааст. Ҳоло вирус дар Аврупо паҳн мешавад ва дар Канада ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Тоҷикистон ва дигар кимшварҳои узви ИДМ вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов ба АМИТ «Ховар» гуфта буд, ки шаҳрвандони мамлакат бояд ҳар шаш моҳ як маротиба аз эмгузаронии такрорӣ гузаранд. Ба гуфтаи ӯ, дар афроде, ки ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ба таври табиӣ масунияти баланд пайдо мешавад. Ва ин масуният қобилияти то 6 моҳ муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ба ин шахс бояд ваксинаи нав гузаронида шавад.

Профессор Сатторов чунин мешуморад, ки ба далели вазъи муташанниҷи густариши ин вирус дар кишварҳои хориҷӣ ва мизони баланди бемории COVID-19 эҳтимоли аз хориҷа ба Тоҷикистон гузаштани ин беморӣ вуҷуд дорад. «Аз ин лиҳоз, мақсаднок мебуд, агар аҳолии мо «вояи бустер» мегирифт, яъне то ба охир расидани пандемия ҳар шаш моҳ такроран эм карда мешуданд», — гуфт ӯ.

                                                                               АКС: Reuters

Ноябрь 29, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»