То оғози Мусобиқаи бонуфузи Baku Grand Slam-2021 оид ба гӯштини дзюдо се рӯзи дигар монд
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 7 ноябр дар шаҳри Бокуи пойтахти Озарбойҷон Мусобиқаи бонуфузи Baku Grand Slam-2021 оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад, хабар дод ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкати 207 варзишгар, аз ҷумла, 132 мард ва 75 зан аз 31 кишвари қора дар назар аст.
Дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 паҳлавони шинохта:
- Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг)
- Ҳақназар Назаров(-81кг)
- Хушвахт Идиев (-81кг)
- Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)
- Амирҷони Насимҷон (-90кг)
- Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Барномаи баргузорӣ:
4 ноябр | Панҷшанбе
Қуръакашӣ (онлайн)
Оғоз: 15:00
Рӯзи 1 | 5 ноябр | Ҷумъа
Оғоз:
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg;
Рӯзи 2 | 6 ноябр | Шанбе
Оғоз:
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg;
Рӯзи 3 | 7 ноябр | Якшанбе
Оғоз:
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg;
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






