«ТО ШӮЪЛА ЗАНАД ОИНАИ САНГИ МАЗОРАМ…». Сурудҳои Кароматуллои Қурбон дар дилу хотири мардум зиндаанд

Ноябрь 29, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи сароянда ва  оҳангсози нотакрори тоҷик Кароматуллои Қурбон аст. Агар умр боқӣ мекард, ӯ ба синни 60 медаромад.

Ӯ 29 ноябри соли 1961 чашм ба олам кушода, Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудааст.

Дар давраи мактабхонию донишҷӯияш Кароматуллои Қурбон аллакай худро дар ҷодаи санъат нишон дода, дар чорабиниҳои  гуногун суруд мехонд. Аз ин ҷост, ки  баъди хатми донишкада якбора  тавонист  дар  оркестри эстрадии овозадори  «Гулшан» ба кор  пазируфта шавад.

Солҳои 1980-1992 осмони санъати тоҷикро ин ахтари тобон ҷило медод. Зери лаб хурду бузург таронаҳои ин булбули хушсадоро замзама мекарданд. Исми Кароматуллои Қурбон вирди забонҳову таронаҳояш зери лабҳо замзама мешуд. Ўро ҳам пиру ҳам барно эҳтиром намудаву дӯсташ медоштанд. Сарояндагони зиёде ба сабку услуби ӯ пайравӣ мекарданд. Зеро таронаҳояш дилнишин, садояш марғуладору истеъдодаш фавқулода буд.

Кароматуллои Қурбон тавонист тӯли умри кӯтоҳаш зиёда аз 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки аз 76 тарона иборат мебошанд.  Сурудҳои «Ватан», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Боз омадӣ, хуш омадӣ»,  «Лаъли лабони ман биё», «Мо омадаем, ки базм обод шавад», «Рақс бикун, ҷоно», «Ҷони ман, қурбони ман», «Эй турки камонабрӯ», «Ошиқони Варзоб», «Хайрбод», «Санги мазорам» аз ҷумлаи  беҳтарин сурудҳои ҳофиз буда, солҳост, ки дар забону дили мардум боқӣ мондаанд ва худи Кароматуллоро ниҳоят шӯҳратманд кардаанд. Сурудҳои Кароматулло ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, модар, Ватан ва васфи зиндагӣ бахшида шудаанд в як навъ бозгӯи зиндагиномаи худи сароянда мебошанд.

Хотирасон мешавем, ки дар саҳни Хонаи маданияти  ноҳияи Рудакӣ нимпайкараи Кароматулло Қурбонов гузошта, дар шаҳри Кӯлоб соли 2004 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишгоҳи мусиқӣ ба Колеҷи санъат табдид дода, ба он номи  ин сарояндаи мумтоз гузошта шуд.  11 сентябри соли 2019  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

                                                     Зарангези ЛАТИФ,
                                                                                     АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд