«ТО ШӮЪЛА ЗАНАД ОИНАИ САНГИ МАЗОРАМ…». Сурудҳои Кароматуллои Қурбон дар дилу хотири мардум зиндаанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи сароянда ва оҳангсози нотакрори тоҷик Кароматуллои Қурбон аст. Агар умр боқӣ мекард, ӯ ба синни 60 медаромад.
Ӯ 29 ноябри соли 1961 чашм ба олам кушода, Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудааст.
Дар давраи мактабхонию донишҷӯияш Кароматуллои Қурбон аллакай худро дар ҷодаи санъат нишон дода, дар чорабиниҳои гуногун суруд мехонд. Аз ин ҷост, ки баъди хатми донишкада якбора тавонист дар оркестри эстрадии овозадори «Гулшан» ба кор пазируфта шавад.
Солҳои 1980-1992 осмони санъати тоҷикро ин ахтари тобон ҷило медод. Зери лаб хурду бузург таронаҳои ин булбули хушсадоро замзама мекарданд. Исми Кароматуллои Қурбон вирди забонҳову таронаҳояш зери лабҳо замзама мешуд. Ўро ҳам пиру ҳам барно эҳтиром намудаву дӯсташ медоштанд. Сарояндагони зиёде ба сабку услуби ӯ пайравӣ мекарданд. Зеро таронаҳояш дилнишин, садояш марғуладору истеъдодаш фавқулода буд.
Кароматуллои Қурбон тавонист тӯли умри кӯтоҳаш зиёда аз 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки аз 76 тарона иборат мебошанд. Сурудҳои «Ватан», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Боз омадӣ, хуш омадӣ», «Лаъли лабони ман биё», «Мо омадаем, ки базм обод шавад», «Рақс бикун, ҷоно», «Ҷони ман, қурбони ман», «Эй турки камонабрӯ», «Ошиқони Варзоб», «Хайрбод», «Санги мазорам» аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҳофиз буда, солҳост, ки дар забону дили мардум боқӣ мондаанд ва худи Кароматуллоро ниҳоят шӯҳратманд кардаанд. Сурудҳои Кароматулло ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, модар, Ватан ва васфи зиндагӣ бахшида шудаанд в як навъ бозгӯи зиндагиномаи худи сароянда мебошанд.
Хотирасон мешавем, ки дар саҳни Хонаи маданияти ноҳияи Рудакӣ нимпайкараи Кароматулло Қурбонов гузошта, дар шаҳри Кӯлоб соли 2004 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишгоҳи мусиқӣ ба Колеҷи санъат табдид дода, ба он номи ин сарояндаи мумтоз гузошта шуд. 11 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз манбаъҳои боз









Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






