Толибон 4 нафар иштирокчии ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобулро маҳв намуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 тан аз 6 нафар иштирокчиёни ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобул аз ҷониби ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон»* кушта шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад, дар ин бора намояндаи ҳаракати Ҳикматулло Ҷамол ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, кушташудагон миёни мардуми одӣ, ки дар натиҷаи ҳамла ба бемористони ҳарбии ба номи Сардор Муҳаммад Довуд Хон ба амал омад, зиёданд. Новобаста ба ин ӯ рақами мушаххасеро нагуфт.
Қаблан ВАО-и маҳаллӣ дар бораи марги 23 тан ва захмӣ шудани 50 нафар иттилоъ дода буданд. Агентии итилоотии Aamaj News бо истинод ба сарчашмаҳо аз марги 19 нафар ва захм бардоштани 43 тани дигар хабар дод. Маъмурияти Маркази тиббии ғайридавлатии «Emergency» дар Кобул дар Твитер навиштааст, ки ба назди онҳо 9 нафарро овардаанд.
Сардори маркази матбуоти ВКД-и толибон Қорӣ Саид Хостӣ иттилоъ дод, ки таркиш дар назди даромадгоҳи бемористони ҳарбии ба номи Сардор Муҳаммад Довуд Хон дар ноҳияи 10-уми Кобул ба амал омадааст.
Ягон гурӯҳи мусаллаҳи амалкунанда дар Афғонистон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифт.
____________________________
*«Толибон»-ҳаракати радикалии террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст
АКС аз манбаҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






