ЁДГОРИИ МЕЪМОРИИ МАНСУБ БА ДАВРАИ АНТИҚА. Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса аз пойсутун ва ҷузъи сутуни деҳаи Пушинги Данғара дидан намуданд

Ноябрь 11, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ёдгории бостонии Золи Зари деҳаи Коррези Ҷамоати деҳоти Коррези ноҳияи Данғара бо иштироки бостоншиносони Тоҷикистону Фаронса таҳқиқоти муштараки байналмилалии бостоншиносӣ ҷараён дорад. Ҳамчунин ин бостоншиносон аз ёдгории меъмории мансуб ба давраи антиқа-пойсутун ва ҷузъи сутун, ки дар деҳаи Пушинги Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия мавҷуд аст, дидан намуданд,  иттилоъ дод сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси     таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, номзади илмҳои таърих  Шералӣ Хоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мавсуф зикр намуд, ки чунин боқимондаҳои ёдгории меъмории мансуб ба давраи антиқа-пойсутун ва ҷузъи сутун то имрӯз дар ягон ёдгории дигар бо чунин шакл ва ороиш пайдо нагардидаанд.

Бояд гуфт, ки ин ёдгориҳо аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг ҳангоми пешбурди корҳои бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва муайян намудани ёдгориҳои дорои афзалият дар деҳаи Пушинги Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ба қайд гирифта шуданд.

Ҳангоми бурдани корҳои таҳқиқии пешакӣ муайян гардид, ки аз рӯи шакл ва услуби хосаи коркарди сутунҳои мазкур он ба боқимондаҳои ҷузъиёти шаҳри бошукӯҳе дар гузашта мансубият дорад. Ҳамчунин муҳимияти ёдгории мазкур он аст, ки он далели мавҷудияти ин мавзеъ-шаҳр аз давраҳои антиқӣ то асрҳои миёна ва замоин минбаъд мебошад.

Пайдо намудани чунин ёдгориҳои бостонӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара ва атрофи он маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Данғара тибқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 адад ёдгории бостонӣ, меъморӣ ва монументалии дараҷаи ҷумҳуриявии мансуб ба тамоми давраҳои таърихӣ: оғоз аз асри санг то давраи муосир ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Теъдоди мазкур ниҳоӣ набуда, бо бозёфт гардидани ёдгориҳои тозакашф миқдори онҳо низ дар феҳрист афзоиш меёбад.

Ёдовар мешавем, ки санъати сангтарошӣ аз қадимулайём барои миллати тоҷик маъмул буда, намудҳои алоҳидаи онро дар тамоми ҳудудҳои кишвар, хусусан дар Хатлони қадим дар шаклҳои гуногун: сутунҳои мунаққаш ва бенақш, ҷузъҳои ороишии санъати меъморӣ, ҳайкалу муҷассамаҳо ва ҷузъиёти дигари хоҷагидорӣ истеҳсол  менамуданд. Ба ғайр маснуоти хоҷагидорӣ асбобҳои аз сангҳои гуногун сохташуда, аз қабили рангдонҳои ҷузъӣ, мӯҳрҳо, тамғаҳои кушод ва умқӣ, зарфҳои мунаққаши ороишӣ мавриди истифодаи васеъ қарор доштанд. Коркарди сангҳои қиматбаҳо барои ороиши заргарӣ, муҳра ва тугмаҳо барои либосҳои ашрофзодагон шуҳрати устоҳои сангтароши хатлониро афзуда, онҳоро машҳури ҷаҳон гардонида буд.

Бозёфти ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ аз давраи антиқӣ то ба имрӯз, ки дар ҳудуди танҳо як мавзеи зебоманзари кишвар кашф гардидаанд, далели «Тоҷикистон-хазинадори таърихи ҳама давру замонҳо» будан аст.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳифзи мероси ғайриманқули кишвар зиёда аз 18 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ бобати рушд ва пешрафти соҳаи болозикр ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд.

Дар давраи ҷаҳонишавии таъриху фарҳангҳои халқу миллатҳои башарӣ ҳифзу нигоҳдошти мероси ғайримоддии кишвар ва ба ҷаҳони муосир дастрас гардонидани офаридаҳои нобиғаи мероси моддӣ ва маънавии миллати тоҷик ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва нигоҳдории онҳо барои наслҳои оянда муҳим мебошад. Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии Шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, ин миллати қадим аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ ҳамчун танзимкунанда ва воридкунандаи фарҳангҳои бузурги ҷаҳонӣ дар минтақа ҷойгоҳи устувор дорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

АКСҲО аз муаллиф

Ноябрь 11, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид