Завқӣ Завқизода ва Валид Абдураҳмон Алрешайдон рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Ноябрь 18, 2021 09:41

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдураҳмон Алрешайдон баргузор гардид, ки зимни он мусоҳибон рушди ҳамкории мутақобилан судманд миёни ҷонибҳоро баррасӣ намуданд, иттилоъ доданд аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар».

З. Завқизода зикр намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Салмон ибни Абдул-Азиз ибни Абдураҳмон оли Сауд муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, аз ҷумла бамаротиб зиёд кардани гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоди сабз, таъсиси марказҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Ноябрь 18, 2021 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд