21 нафар волидони иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби нишони «Маърифатпарвар» шуданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 21 нафар волидони иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби нишони «Маърифатпарвар», 40 нафар иштирокчии фаъол соҳиби 5000 ва 10 нафар соҳиби 2000 сомонӣ гардиданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Маросими тақдими мукофотҳои мазкур имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сурат гирифт.
Дар маросими мазкур инчунин як гурӯҳ кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён зимни тақдими туҳфаҳо иброз намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст. Раванди баргузорӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳо далели он аст, ки мардуми мо ба суннати ниёгони худ арҷ гузошта, барои муаррифии ҳунару истеъдод, маҳорату малака ва донишҳои худ аз фанҳои табиию риёзӣ ва китобхонию суханварӣ ҷаҳду талош менамояд.
Озмуни имсола низ чеҳраҳои нави суханвару соҳибистеъдод, донишманду китобхонро муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, соати 15:00, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






