Ҳафиз Раҳмон: Фарқияти озмуни имсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар он, ки ба хонанда ҳаққи интихоб дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Як ҷиҳати фарқкунандаи озмуни имсола он аст, ки низомнома таҷдиди назар шуд ва ба он номгӯи асарҳои беҳтарин адибоне, ки дар Аврупову Амрико ва дигар қитъаҳои олам шуҳраи офоқанд, ҷойгир карда шуд. Тадбири мазкур самараи дилхоҳ ба бор овард, мо ба хонанда гулистонеро пешниҳод кардем, ки мераваду гулҳои дилхоҳашро мечинад». Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари аъзои ҳакамон аз рӯйи номинаи адабиёти ҷаҳон дар озмуни Ҳафиз Раҳмон иброз дошт.
Ба назари ҳамсуҳбати мо, «шарт нест, ки иштирокчии озмун аз 155 асари адибоне, ки дар номинаи адабиёти ҷаҳон тавсия шудааст, пурра огоҳ бошад, зеро ин кор барояш душворӣ пеш меорад. Баръакс, довталабон ҳар қадар, ки аз ин чаҳорчӯба бештар огоҳ шаванду берун бароянд, ин ҳамон қадар барои ҷаҳонбинӣ, завқи эстетикӣ, тавоноии зеҳниашон муфид мешавад. Имсол дар номинаи адабиёти ҷаҳон бидуни муболиға хеле беҳбудиҳо дида мешаванд, яъне фарқ аз замин то осмон аст. Аввал ин ки ҳам хонандагони мактабҳои миёна, ҳам донишҷӯён аз осори беҳтарини ҷаҳонӣ огоҳ шудаанд. Дуюм ин ки барои хонандагон қутбнамо ё имкони ҷустуҷӯи адабиёт пайдо шуд. Дар ҳафт рӯзи озмун ман аллакай зиёда аз 6 нафареро барои худ пайдо намудам, ки онҳо истеъдоди баланди фитрӣ доранд, заковати бениҳоят хуб доранд, ҳатто асарҳоеро хондаанд, ки фаҳму дарки он барои як инсони калон мушкил аст. Ин ақида ғалат аст, ки ин ё он асар ба синну соли хонандаи мактаб мувофиқ нест, бигузор бихонад, бигузор камтар дарк кунад, вале вақте мутолиаи вай бардавом мешавад, ӯ аз зинаи якум ба дуюм, аз дуюм ба сеюм ва ҳамин гуна ба таври эволютсионӣ пеш меравад, ки ин аз ҷиҳати психологӣ бисёр муҳим аст».
Ҳафиз Раҳмон мегӯяд, ки «бисёр назари маҳдуд аст, ки гӯё асари адабӣ функсияи тарбиятгарӣ дошта бошад, балки хусусияти муҳими асари адабӣ он аст, ки завқи эстетикии инсонро парвариш бидиҳад. Завқ, ки яке аз унсурҳои муҳими фитрати инсонист, агар пешрав шавад, шукуфову фарогир шавад, он ба васеъ шудани зеҳнияти хонанда таъсири бисёр ҷиддӣ мерасонад. Мутолиаи асари бадеӣ бояд маҷбурӣ набошад, касе ин гуна фикр мекунад, иштибоҳи бузург мекунад, зеро асари бадеиро аз рӯйи шавқу рағбат мехонанд. Муҳимияту фарқияти озмуни имсола низ ҳамин аст, ки ба хонанда ҳаққи интихоб дода шудааст».
Мавсуф аз мушоҳидаҳояш дар чанд рӯзи озмун нақл намуд, ки ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳар суоле, ки пешниҳод мегардид ва аз кадом паҳлӯе, ки ба фаҳму даркашон наздик мешудем, посухҳои қонеъкунанда медоданд. Ин нафарон аз панҷ қисмати адабиёти олам огоҳии комил доштанд. Ҳатто рӯйхати адабиёти пешниҳод намудаашон аз рӯйи жанрҳои адабӣ ҷудо карда шуда буд, ки ин аз баланд будани маърифати адабии донишҷӯ дарак медод.
Ҳафиз Раҳмон ба суоли он ки оё талабаҳои мактаб беҳтар баромад мекунанд ё донишҷӯён, посух дод, ки «хонандагоне буданд, ки аз донишҷӯён бартарӣ доштанду камӣ не. Ман боварӣ дорам, ки ин озмун боз ҳам такмил дода мешавад. Зеро ҳар чизе, ки такмил дода намешавад, ба догма табдил меёбад. Бояд озмун сол ба сол такмил ёбад ва ҳар қадар, ки он мукаммал шавад, барои иштирокчиён беҳтар мешавад».
Магистранти курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилноза Бобомуродова аз зумраи иштирокчиёне буд, ки бо забондонӣ ва посухҳои мушаххас аъзои ҳакамонро ба ҳайрат овард. Ӯ гуфт, ки «соли гузашта низ дар озмун иштирок доштам, вале имсол бо тайёрии ҷиддӣ омадам. Имсол фазои озмун хеле озоду муносибати доварон низ олист. Вақте наздашон баромадам, маро ҳаяҷон фаро гирифт. Вақте ман ба ҳаяҷон дода шавам, тез ва нопурра гап мезанам, вале аъзои ҳакамон маро дастгирӣ карданд, хеле самимона суҳбат карданд ва ҳамин самимияти устодон роҳи маро дар пешниҳоди посухҳои мушахассу равон осон кард».
Дилноза гуфт, ки адабиёти классику муосири тоҷикро низ зиёд мутолиа кардааст, вале сабаби рӯ оварданаш ба номинаи адабиёти ҷаҳон— ин дилбастагияш ба офаридаҳои адибони оламшумул, махсусан адибони Аврупо мебошад. Ба андешаи Дилноза, дарку фаҳми адабиёти ҷаҳон нисбатан осон буда, мавзӯъҳояш низ ғайриодиянд, агар хонанда асарро дар забони асл мутолиа намояд. Ӯ қариб 400 асарро бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ мутолиа кардааст.
«Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ман таконе шуд, то адибону нависандагони ҷаҳониро хуб шиносам», гуфт Дилноза Бобомуродова.
Донишҷӯи курси 3 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шаҳзодахон Бурҳонова яке аз фаъолтарин иштирокчиёни озмун дар номинаи адабиёти ҷаҳон аст, ки бо шаш забон: тоҷикӣ, англисӣ, русӣ, олмонӣ, туркӣ ва арабӣ суҳбат карда метавонад. Ӯ назди доварон бо забони русӣ баромад кард вале ҳангоми суолу ҷавоб бо забонҳои медонистааш низ шеъру қиссаҳо гуфт. Дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки соли дуюм аст дар озмун иштирок мекунад, зиёда аз 254 асари насрӣ, беш аз 4000 мисраъ осори назмӣ ва дигар ҳикояву достонҳоро мутолиа кардааст. Ягона мушкилоташро ҳаяҷони сахт маънидод кард, вале аз баромадаш хушнуд буд, зеро ӯ тавонистааст ба суолҳои ҳакамон посухҳои зарурӣ диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, ки баргузор мешавад. Даври ниҳоии озмун 2 декабр оғоз гардид ва дар назар аст, ки 15 декабр ба анҷом расад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»